bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Thessalonians 5
1 Thessalonians 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
1
Аммо дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,
2
зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд чун дузде ки шаб меояд, фаро мерасад.
3
Чун гӯянд: “Осоиш ва амният”, он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор мешаванд, чунон ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва гурехта наметавонанд.
4
Лекин шумо, эй бародарон, дар торикӣ нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд;
5
ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо ба шаб ва ба торикӣ тааллуқ надорем.
6
Пас, набояд монанди дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушёр бошем.
7
Зеро хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мебошанд;
8
вале мо, ки ба рӯз тааллуқ дорем, бояд ҳушёр бошем ва зиреҳи имону муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем,
9
чунки Худо моро на барои ғазаб таъйин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ,
10
ки барои мо мурд, то мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем.
11
Бинобар ин ҳамдигарро рӯҳбаланд кунед ва якдигарро обод намоед, чунон ки низ мекунед.
12
Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд,
13
ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед.
14
Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро дилдорӣ намоед, нотавононро дастгирӣ кунед, бо ҳар кас пурсабр бошед.
15
Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар пайи некӣ бошед.
16
Ҳамеша шод бошед.
17
Пайваста дуо гӯед.
18
Дар ҳама ҳолат шукр гӯед, зеро чунин аст хости Худо дар ҳаққи шумо дар Масеҳ Исо.
19
Рӯҳро хомӯш накунед.
20
Пайғамбариҳоро хор нашуморед.
21
Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред.
22
Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед.
23
Худи Худои осоиш шуморо комилан муқаддас гардонад ва рӯҳу ҷону тани шумо ҳангоми омадани Худованди мо Исои Масеҳ пурра беайб нигоҳ дошта шавад.
24
Даъваткунандаи шумо бовафо аст ва инро ба амал меоварад.
25
Эй бародарон, барои мо дуо гӯед.
26
Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед.
27
Шуморо ба ҳузури Худованд қасам медиҳам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас хонед.
28
Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
All chapters:
1
2
3
4
5