bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Thessalonians 3
1 Thessalonians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
1
Бинобар ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем,
2
ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар Инҷили Масеҳ аст, фиристодем, то шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад,
3
то ҳеҷ кас дар ин азобҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо.
4
Зеро мо ҳамон вақт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азоб дар пеш аст, чунон ки низ рӯй дод, ва шумо медонед.
5
Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо фаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.
6
Аммо акнун Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва хушхабари имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд; ва /хабар дод/, ки шумо ҳамеша моро ба некӣ ёд мекунед ва хоҳони дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ /хоҳони дидори шумо/ ҳастем.
7
Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андӯҳ ва азоби худ, дар хусуси шумо ба сабаби имонатон тасаллӣ ёфтем;
8
чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд пойдор мебошед.
9
Зеро чӣ гуна мо метавонем ба Худо барои шумо, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем, шукргузорӣ кунем?
10
Шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем.
11
Худи Худо, Падари мо, ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сӯи шумо рост оварад.
12
Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, — чунон ки мо низ ба шумо /муҳаббат/ дорем, —
13
то ки ҳангоми омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Худ дилҳои шумо дар муқаддасӣ назди Худо ва Падари мо устувор ва беайб бошанд. Омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5