bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Thessalonians 2
1 Thessalonians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
1
Зеро худи шумо, эй бародарон, медонед, ки ба миёни шумо дохил шудани мо бе натиҷа набуд;
2
мо пеш аз он дар Филиппӣ, чунон ки медонед, азоб кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ далер гардидем, то бо ҷидду ҷаҳди зиёд Инҷили Худоро ба шумо мавъиза намоем.
3
Зеро мавъизаи мо аз гумроҳӣ ё аз нопокӣ ё бо фиреб нест,
4
балки, чунон ки Худо моро сазовор донист, то Инҷил ба мо супурда шавад, ҳамчунин сухан мегӯем ва хоҳони он нестем, ки ба одамон писанд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад.
5
Зеро, чунон ки медонед, мо ҳаргиз хушомадгӯӣ накардаем ва бо баҳона тамаъ надоштаем — Худо шоҳид аст! —
6
ва эҳтиромро аз одамизод наҷустаем, на аз шумо ва на аз дигарон. Мо, ҳамчун расулони Масеҳ, метавонистем бо ихтиёру қудрат рафтор кунем,
7
аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди модари ширдеҳ, ки кӯдакони худро навозиш мекунад.
8
Мо чунон ба шумо дил бастем, ки хостем ба шумо на танҳо Инҷили Худоро расонем, балки ҷонҳои худро низ барои шумо фидо созем, чунки шумо ба мо азиз шудед.
9
Зеро шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар хотир доред: шабу рӯз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо Инҷили Худоро ба шумо мавъиза менамудем.
10
Шумо шоҳид ҳастед ва Худо /низ/, ки чӣ гуна бо шумо, имондорон, мо муқаддасона ва росткорона ва беайб рафтор кардем,
11
ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, чун падар фарзандони худро,
12
насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки шоистаи Худо, ки шуморо ба Подшоҳӣ ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед.
13
Ба ин сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.
14
Зеро шумо, эй бародарон, ба ҷамоатҳои Худо, ки дар Яҳудия дар Масеҳ Исо мебошанд, тақлид намудед, чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон азобро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд,
15
ки Худованд Исо ва пайғамбарони худро куштанд, ва моро гирифтори таъқибот карданд, ва ба Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд,
16
ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо сухан гӯем, то наҷот ёбанд, ва ба ин восита ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд.
17
Лекин мо, эй бародарон, баъд аз он ки ба муддати кӯтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо хоҳиши бештар кӯшиш намудем, ки рӯи шуморо бинем.
18
Ба ин сабаб мо, — яъне ман, Павлус, — як-ду бор хостем назди шумо биёем, вале шайтон ба мо монеъ шуд.
19
Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар ҳузури Худованди мо Исо ҳангоми омадани Ӯ? Магар шумо нестед?
20
Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5