bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
James 1
James 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
1
Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ қабилае ки пароканда мебошанд, салом мерасонад.
2
Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед,
3
чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;
4
ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то шумо комил ва болиғ буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.
5
Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор дархост кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш медиҳад, ва ба вай дода мешавад.
6
Валекин бигзор бо имон дархост кунад ва ҳеҷ шубҳа надошта бошад, чунки шубҳакунанда ба мавҷи баҳр монанд аст, ки бо вазиши шамол ба ҳар сӯ ронда мешавад.
7
Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст меоварад.
8
Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.
9
Бигзор бародари бечора бо сарбаландии худ фахр намояд,
10
ва сарватманд — бо бечорагии худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст.
11
Офтоб бо гармо баромада, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватманд низ дар роҳҳои худ ҳамин гуна пажмурда мешавад.
12
Хушо касе ки дар озмоиш устувор мемонад, зеро озмуда шуда, тоҷи ҳаётро ба даст меоварад, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст.
13
Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас нагӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,
14
балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;
15
баъд ҳавас ҳомила шуда, гуноҳро мезояд, ва гуноҳ ба камол расида, маргро таваллуд мекунад.
16
Эй бародарони азизи ман, фирефта нашавед.
17
Ҳар як ҳадяи нек ва ҳар як тӯҳфаи комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо фуруд меояд, ки дар ӯ на тағйиротест ва на сояи дигаргуние.
18
Ӯ, аз рӯи хости Худ, моро ба воситаи каломи ростӣ ба дунё овард, то ки навбаре аз офаридаҳои Ӯ бошем.
19
Пас, эй бародарони азизи ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;
20
зеро ки хашми одамизод ростии Худоро ба амал намеоварад.
21
Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бадии боқимондаро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.
22
Пас иҷрокунандагони калом бошед, на танҳо шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,
23
зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рӯяшро дар оина мебинад.
24
Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст.
25
Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшхотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, хушо он кас дар кори худ.
26
Агар касе аз шумо гумон кунад, ки ба Худо ибодат мекунад, ва лаҷоми забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, ибодати вай бефоида аст.
27
Ибодати пок ва беайб пеши Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар душвориҳои онҳо дастгирӣ кунем ва худро аз олудагии ҷаҳон нигоҳ дорем.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5