bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
James 4
James 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
1
Ҷангу ҷидол дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар узвҳои баданатон меҷанганд?
2
Ҳавас мекунед ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред ва наметавонед ба даст оваред; ҷангу ҷидол мекунед; надоред, чунки илтимос намекунед;
3
илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки бо нияти бад илтимос мекунед, то барои ҳавасҳои худ истифода намоед.
4
Эй мардону занони зинокор! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо ҷаҳон душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти ҷаҳон бошад, душмани Худо мегардад.
5
Оё шумо гумон мекунед, ки Китоб беҳуда мегӯяд: “Рӯҳе ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дӯст медорад”?
6
Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам мегӯяд: “Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, Вале ба фурӯтанон файз мебахшад”.
7
Пас, ба Худо фармонбардор шавед. Ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо мегурезад.
8
Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик мешавад. Дастҳои худро шӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.
9
Андӯҳгин шуда, гиря ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гиря ва шодии шумо ба ғусса табдил ёбад.
10
Дар ҳузури Худованд фурӯтан шавед, ва ӯ шуморо сарафроз мекунад.
11
Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад ва бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.
12
Шариатгузор якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва нобуд кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ? Ҳавобаландон ва сарватмандон
13
Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: “Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як солро мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем”,
14
ва ҳол он ки шумо намедонед, ки фардо чӣ мешавад; зеро чист зиндагии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе намоён гардида, баъд нест мешавад.
15
Ба ҷои он шумо бояд гӯед: “Агар Худованд хоҳад ва зинда монем, чунин ё чунон мекунем”.
16
Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед. Ҳар лофи монанди ин бад аст.
17
Пас, касе ки некӣ карданро медонад ва намекунад, ба вай гуноҳ аст.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5