bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
James 5
James 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
1
Акнун гӯш кунед шумо, эй сарватмандон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меоянд, гиря ва нола кунед.
2
Сарвати шумо пӯсидааст, ва либоси шуморо куя задааст.
3
Тилло ва нуқраи шумо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, монанди оташ ҷисми шуморо мехӯрад; шумо дар рӯзҳои охирин ганҷ ҷамъ кардаед.
4
Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва фарёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.
5
Шумо дар рӯи замин айшу нӯш менамудед, ва дилҳои худро гӯё барои рӯзи куштан фарбеҳ кардаед.
6
Шумо росткорро маҳкум намуда, куштед; ӯ ба шумо муқобилат намекард.
7
Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд сабр кунед. Инак, зироаткор самари гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин сабр мекунад, то борони аввалин ва охирин борад.
8
Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро устувор гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.
9
Эй бародарон, аз якдигар шикоят накунед, то доварӣ карда нашавед; инак, Довар назди дар истодааст.
10
Эй бародарони ман, аз пурсабрии пайғамбарон дар азоб ибрат гиред, ки онҳо ба номи Худованд сухан меронданд.
11
Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем. Шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро Худованд бисёр дилсӯз ва раҳмдил аст.
12
Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор “ҳа”-и шумо “ҳа” бошад ва “не”-и шумо “не”, то ба дурӯягӣ гирифтор нашавед.
13
Оё касе аз шумо азоб мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронае аз Забур хонад.
14
Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони ҷамоатро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба номи Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд,
15
ва дуои имон беморро шифо медиҳад, ва Худованд ӯро ба по мехезонад; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, бахшида мешавад.
16
Ба хатоҳои худ назди якдигар иқрор шавед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед; дуои самимии шахси росткор қуввати бузурге дорад.
17
Илёс шахсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар сарзамин борон набуд.
18
Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самари худро рӯёнид.
19
Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз роҳи ростӣ барояд, ва касе ӯро баргардонад,
20
бигзор вай донад, ки шахсе ки гуноҳкорро аз роҳи нодуруст гардонад, ҷонеро аз марг наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
All chapters:
1
2
3
4
5