bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
James 3
James 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
1
Эй бародарони ман! Бисёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба доварии бештаре дучор мешавем,
2
зеро ки ҳамаи мо бисёр хато мекунем. Касе ки дар сухан хато намекунад, вай марди комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми баданро кашад.
3
Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ба мо итоат кунанд, ва тамоми бадани онҳоро идора мекунем.
4
Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор хоҳад, равона карда мешаванд.
5
Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.
6
Забон низ оташ аст, ҷаҳонест аз норостӣ. Забон дар миёни узвҳои мо чунин гузошта шудааст: тамоми баданро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад ва худаш аз дӯзах оташ мегирад.
7
Зеро ки ҳама гуна дарандагон ва парандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром шудаанд,
8
валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он бадиест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.
9
Бо он мо Худо ва Падарро ситоиш мекунем, ва бо он мо одамонро, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, дашном медиҳем.
10
Аз айни як даҳон ситоиш ва дашном мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.
11
Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад?
12
Эй бародарони ман, магар дарахти анҷир метавонад зайтун оварад, ё токи ангур анҷир? Ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин диҳад. Ҷангу ҷидол
13
Кист хирадманд ва бофаҳм байни шумо? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.
14
Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва зидди ростӣ дурӯғ нагӯед.
15
Ин ҳикмате нест, ки аз боло фуруд омада бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;
16
зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.
17
Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан пок аст, сипас осоишта, меҳрубон, насиҳатпазир, пур аз марҳамат ва самарҳои нек, бе ғараз ва дурӯягӣ мебошад.
18
Ва самари росткорӣ дар осоиш кошта мешавад барои онҳое ки осоишро ба амал меоваранд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5