bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
James 2
James 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
1
Эй бародарони ман! Ба Худованди мо Исои Масеҳ, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед.
2
Зеро, агар ба ҷамъомади шумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,
3
ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: “Ту дар ҷои некӯ шин”, ва ба камбағал гӯед: “Ту он ҷо ист” ё ки: “Ин ҷо, поини пои ман шин”,
4
оё шумо миёни худ фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби фикрҳои бад нестед?
5
Гӯш диҳед, эй бародарони азизи ман: оё Худо камбағалони оламро интихоб накардааст, ки дар имон сарватманд ва ворисони Подшоҳие бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?
6
Валекин шумо камбағалро хор шумурдаед. Оё сарватмандон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?
7
Оё онҳо ба номи неке ки бар шумост, куфр намегӯянд?
8
Агар шумо шариати шоҳонаро, мувофиқи навиштаи: “Ёратро монанди худат дӯст дор” ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;
9
аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.
10
Касе ки тамоми шариатро нигоҳ дошта, валекин дар як чиз хато кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.
11
Зеро Он ки “зино накун” гуфтааст, “накуш” ҳам гуфтааст. Бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале одамкушӣ кунӣ, шариатро вайрон кардаӣ.
12
Ҳамчун касоне ки мувофиқи шариати озодӣ доварӣ карда мешаванд, сухан гӯед ва амал кунед,
13
зеро бар касе ки марҳамат накардааст, доварӣ бе марҳамат мешавад; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.
14
Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, лекин амалҳо надошта бошад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад?
15
Агар бародаре ё хоҳаре бе пӯшок буда, хӯроки ҳаррӯза надошта бошад,
16
ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: “Бо осоиш рафта, гарм ва сер шавед”, валекин он чи барои ҷисм даркор аст, ба онҳо надиҳад, чӣ фоидае ҳаст?
17
Ҳамчунин имон низ, агар амалҳо надошта бошад, дар худ мурда аст.
18
Ва касе мегӯяд: “Ту имон дорӣ, вале ман амалҳо дорам. Имони худро бе амалҳо ба ман нишон деҳ, вале ман ба ту имони худро аз амалҳои худ нишон медиҳам”.
19
Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд.
20
Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ донӣ, ки имон бе амалҳо мурда аст?
21
Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ гузошта буд, бо амалҳо сафед нашуд?
22
Оё ту мебинӣ, ки имон ба амалҳои ӯ мадад кард, ва имон ба воситаи амалҳо ба камол расид?
23
Ва он навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: “Иброҳим ба Худо имон дошт, ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд”, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд.
24
Пас мебинед, ки одамизод ба воситаи амалҳо сафед мешавад, на танҳо ба воситаи имон.
25
Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки фиристодагонро қабул карда, бо роҳи дигар равона кард, оё ба воситаи амалҳо сафед нашуд?
26
Зеро, чунон ки бадан бе рӯҳ мурда аст, имон низ бе амалҳо мурда аст.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5