bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Chronicles 11
1 Chronicles 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 12 →
1
Ва тамоми Исроил назди Довуд ба Ҳебрӯн ҷамъ омада, гуфтанд: «Инак, мо устухон ва гӯшти ту ҳастем.
2
Дирӯз ва парирӯз низ, вақте ки Шоул подшоҳ буд, ту Исроилро берун мебурдӣ ва андарун меовардӣ; ва Худованд Худои ту ба ту гуфта буд: „Ту қавми Ман Исроилро хоҳӣ чаронид, ва ту бар қавми Ман Исроил раис хоҳӣ буд“».
3
Ва ҳамаи пирони Исроил назди подшоҳ ба Ҳебрӯн омаданд, ва Довуд бо онҳо дар Ҳебрӯн ба ҳузури Худованд аҳд баст, ва Довудро, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Самуил гуфта буд, ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин карданд.
4
Ва Довуд ва тамоми Исроил ба Ерусалим, ки Ябус бошад, рафтанд; ва дар он ҷо ябусиён сокинони ин замин буданд.
5
Ва сокинони Ябус ба Довуд гуфтанд: «Ту ба ин ҷо дохил нахоҳӣ шуд!» Ва Довуд қалъаи Сионро, ки шаҳри Довуд бошад, забт кард.
6
Ва Довуд гуфт: «Ҳар кӣ ябусиёнро аввал зарба занад, вай раис ва сардор хоҳад шуд». Ва Юоб ибни Саруё аввал баромад, ва раис шуд.
7
Ва Довуд дар қалъа сокин шуд, бинобар ин онро шаҳри Довуд номиданд.
8
Ва ӯ шаҳрро аз гирду пешаш, аз Миллӯ гирифта то гирдогирди он бино кард; ва Юоб бақияи шаҳрро обод намуд.
9
Ва Довуд торафт бештар комьёб ва бузург мегардид, ва Худованди лашкарҳо бо ӯ буд.
10
Ва инҳоянд сарварони паҳлавоне ки Довуд дошт, ки онҳо ӯро бо тамоми Исроил дар салтанаташ тақвият доданд, то ки ӯро, бар тибқи каломи Худованд, бар Исроил подшоҳ гардонанд.
11
Ва ин аст номгӯи паҳлавононе ки Довуд дошт: Ёшобъом ибни Ҳакмӯнӣ, сардори сегона; ӯ боре найзаи худро бар сесад кас бардошта, ҳамаашонро якбора кушта буд.
12
Ва баъд аз ӯ Элъозор ибни Дӯдӯи аҳӯҳӣ; яке аз он се паҳлавон буд.
13
Ӯ бо Довуд дар Фас‐Дамим буд, ва фалиштиён дар он ҷо барои ҷанг ҷамъ шуда буданд, ва қитъаи киштзор пур аз ҷав буд, ва қавм аз пеши фалиштиён рӯ ба гурез оварданд.
14
Ва онҳо дар миёнаи он қитъаи киштзор истода, онро муҳофизат карданд, ба фалиштиён шикаст расониданд, ва Худованд ғалабаи бузурге ба амал овард.
15
Ва се нафар аз он сӣ сардор ба сахра назди Довуд ба мағораи Адулом фурӯд омаданд, дар сурате ки фалиштиён дар водии Рафоим ӯрду зада буданд.
16
Ва Довуд он вақт дар қалъа буд; ва дастаи фалиштиён он вақт дар Байт‐Лаҳм буданд.
17
Ва Довуд изҳори орзу намуда, гуфт: «Кошки касе маро аз чоҳе ки назди дарвозаи Байт‐Лаҳм аст, об бинӯшонад!»
18
Ва ин се нафар ӯрдугоҳи фалиштиёнро рахна карда, аз чоҳе ки назди дарвозаи Байт‐Лаҳм аст, об кашиданд, ва онро бардошта, назди Довуд оварданд; вале ӯ нахост, ки онро бинӯшад, ва онро ҳамчун ҳадияи рехтанӣ барои Худованд рехт,
19
Ва гуфт: «Ҳошо аз тарси Худоям, ки ман чунин амал намоям! Оё хуни ин касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузоштаанд?» Зеро ки ҷони худро дар ҳатар гузошта оварда буданд, ва ӯ нахост, ки онро бинӯшад. Чунин аст коре ки ин се паҳлавон кардаанд.
20
Ва Абшай, бародари Юоб, сардори се нафар буд, ва ӯ боре найзаи худро бар сесад кас бардошта, ҳамаашонро кушта буд, ва ӯ дар миёни се нафар номдор буд.
21
Дар миёни ин се нафар ӯ аз ду нафар мукаррамтар буда, сардори онҳо гардида буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд.
22
Баноё ибни Еҳӯёдоъ, писари марди далери қабсаилӣ, ки корҳои бузурге карда буд; ӯ ду паҳлавони мӯобиро кушта буд, ва ӯ фурӯд омада, шерро андаруни чоҳ дар рӯзи барф кушта буд.
23
Ва ӯ марди мисрии бузургҷуссаро, ки қоматаш панҷ зироъ буд, кушта буд, дар сурате ки дар дасти он мисрӣ найзае мисли наварди молбофӣ буд, ва ӯ бо таёқе назди вай фурӯд омада, найзаро аз дасти мисрӣ рабуд, ва варо бо найзаи худаш кушт.
24
Чунин аст корҳое ки Баноё ибни Еҳӯёдоъ карда буд, ва ӯ дар миёни он се паҳлавон номдор буд.
25
Аз сӣ нафар ӯ мукаррамтарин буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд; ва Довуд ӯро бар гурӯҳи посбонони шаҳсии худ таъин намуд.
26
Ва сарбозони паҳлавон: Асоил, бародари Юоб; Элҳонон ибни Дӯдӯ аз Байт‐Лаҳм;
27
Шаммӯти ҳарӯрӣ, Ҳиласи фалунӣ;
28
Иро ибни Иққеши тақӯӣ; Абиозари антӯтӣ;
29
Сибкаи ҳушотӣ; Илаи аҳӯҳӣ;
30
Маҳраи натуфотӣ; Ҳилад ибни Баанои натуфотӣ;
31
Итай ибни Рибай аз Ҷибъои банӣ‐Биньёмин; Баноёи фиръотунӣ;
32
Ҳурай аз мулки Ҷоаш; Абиили арботӣ;
33
Азмавти баҳарумӣ; Эльяҳбои шаалбӯнӣ;
34
Аз писарони Ҳошими ҷизӯнӣ: Йӯнотон ибни Шоҷии ҳарорӣ.
35
Аҳиом ибни Сокори ҳарорӣ; Элифал ибни Ур;
36
Ҳифари макиротӣ, Аҳиёи фалунӣ;
37
Ҳасрои кармилӣ; Наарай ибни Эзбой;
38
Юил, бародари Нотон; Мибҳор ибни Ҳаҷрӣ;
39
Солақи аммӯнӣ; Наҳраи бирӯтӣ, ки силоҳбардори Юоб ибни Саруё буд;
40
Ирои йитрӣ; Ҷориби йитрӣ;
41
Уриёи ҳиттӣ; Зобод ибни Аҳлоӣ;
42
Адино ибни Шизои реубенӣ, ки сардори реубениён буд, ва сӣ сарбоз дошт;
43
Ҳонон ибни Маако; Йӯшофоти митнӣ;
44
Уззиёи аштиротӣ; Шомоъ ва Яиил, писарони Ҳӯтоми арӯэрӣ;
45
Ядиаил ибни Шимрӣ ва бародараш Юҳои тисӣ;
46
Алиил аз Маҳавим; Ерибай ва Юшавьё, писарони Элноам; Йитмои мӯобӣ;
47
Алиил, Ӯбид ва Яасиил аз Масӯбоё.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29