bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Chronicles 26
1 Chronicles 26
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 27 →
1
Ин аст тақсимоти дарбонон: аз қӯраҳиён — Машоламьёҳу ибни Қӯрӣ, аз писарони Ософ.
2
Ва писарони Машоламьёҳу: Закарьёҳу — нахустзода, Едиаил — дуюм, Забадьёҳу — сеюм, Ятниил — чорум;
3
Элом — панҷум, Еҳӯҳонон — шашум, Эльеҳӯэнай — ҳафтум.
4
Ва писарони Убайд‐Адӯм: Шамаъё — нахустзода, Еҳӯзобод — дуюм, Юоҳ — сеюм, Сокор — чорум, Натанъил — панҷум;
5
Аммиил — шашум, Иссокор — ҳафтум, Фауллотӣ — ҳаштум, зеро ки Худо ӯро баракат дода буд.
6
Ва барои писараш Шамаъё писарон таваллуд ёфтанд, ки дар хонадони падарашон сардорӣ мекарданд, чунки ҷанговарони далер буданд.
7
Писарони Шамаъё: Отнӣ, Рафоил, Убайд ва Элзобод, бародарони далери ӯ: Элиёҳу ва Самакьёҳу.
8
Ҳамаи онҳо аз писарони Убайд‐Адӯм буданд, ки худашон ва писаронашон ва бародаронашон дар хизмат мардони далер буданд; ин одамони Убайд‐Адӯм шасту ду нафар буданд.
9
Ва Машоламьёҳу ҳаждаҳ нафар писарон ва бародарони далер дошт.
10
Ва Ҳӯсо, ки аз писарони Марорӣ буд, писарон дошт: Шимрӣ — сардорашон, агарчи нахустзода набуд, вале падараш ӯро сардор таъин карда буд;
11
Ҳилқиёҳу — дуюм, Табальёҳу — сеюм, Закарьёҳу — чорум; хамаи писарон ва бародарони Ҳӯсо сездаҳ нафар буданд.
12
Ҳамин аст тақсимоти дарбонон дар миёни сардорони хонаводаҳо, ки навбатҳошон, дар баробари бародарҳои онҳо, барои хизмат кардан дар хонаи Худованд таъин шуда буд.
13
Ва онҳо, ҳам хурдашон ва ҳам калонашон, бар ҳасби хонаводаҳои худ барои ҳар дарвоза қуръа партофтанд.
14
Ва қуръаи дарвозаи шарқӣ ба Шаламьёҳу афтод; ва ҳангоме ки барои писараш Закарьёҳу, ки машваратчии хирадманд буд, қуръа партофтанд, қуръаи ӯ ба дарвозаи шимолӣ баромад;
15
Барои Убайд‐Адӯм — дарвозаи ҷанубӣ, ва барои писаронаш — байтулмол;
16
Барои Шиффим ва Ҳӯсо — самти ғарбӣ, назди дарвозаи Шаллокат, ки дар он ҷо пайроҳа ба фароз мерафт, ва ҷои як навбатдорӣ дар рӯ ба рӯи навбатдории дигар буд.
17
Ба тарафи шарқӣ шаш нафар левизодагон буданд, ба тарафи шимолӣ — ҳар рӯз чор нафар, ба тарафи ҷанубӣ — ҳар рӯз чор нафар, ва назди байтулмол — дунафарӣ;
18
Назди айвони ҷониби ғарб: дар сари пайроҳа — чор нафар, назди айвон — ду нафар.
19
Ҳамин аст тақсимоти дарбононе ки аз писарони Қӯраҳ ва аз писарони Марорӣ буданд.
20
Ва левизодагони дигар, яъне бародарони онҳо, бар хазоини хонаи Худо ва бар хазоини қурбониҳои муқаддас таъин шуда буданд:
21
Писарони Лаъдон, яъне писарони Ҷершӯн аз камари Лаъдон, ки сардорони хонаводаи Лаъдони ҷершӯнӣ буданд, — Яҳиилӣ;
22
Писарони Яҳиилӣ: Зетом ва бародараш Юил бар хазоини хонаи Худованд буданд;
23
Аз амромиён, йисҳориён, ҳебрӯниён, оззилиён:
24
Шабуил ибни Ҷершӯн ибни Мусо нозири хазоин буд;
25
Ва бародарони ӯ аз камари Элиозар: писараш Раҳабьёҳу, писараш Ешаъёҳу, писараш Йӯром, писараш Зикрӣ ва писараш Шалӯмит буданд,
26
Ки ин Шалӯмит ва бародаронаш бар тамоми хазоини қурбониҳои муқаддас мутасаддӣ буданд, ки онро подшоҳ Довуд вақф карда буд, ва низ сардорони хонаводаҳо ва мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва сарлашкарҳо
27
Аз ҷангҳо ва аз ғаниматҳо вақф карда буданд, то ки хонаи Худовандро тақвият намоянд;
28
Ва ҳар он чи Самуили басир, ва Шоул ибни Қиш, ва Абнир ибни Нир, ва Юоб ибни Саруё вақф карда буданд, — ҳар вақфкунанда вақфашро ба дасти Шалӯмит ва бародаронаш месупурд.
29
Аз йисҳориён: Кананьёҳу ва писаронаш бар кори берунии исроилиён ҳамчун нозирон ва доварон таъин шуда буданд.
30
Аз ҳебрӯниён: Ҳашабьёҳу ва бародаронаш, ҳазору ҳафтсад нафар мардони далер, дар ин тарафи Урдун, ба самти ғарбӣ, барои назорат кардан бар Исроил аз ҷиҳати ҳар хизмати Худованд ва аз ҷиҳати хизмати подшоҳ, таъин шуда буданд.
31
Аз ҳебрӯниён, бар ҳасби насабномаи хонаводаҳошон, Ериё сардори ҳебрӯниён буд; дар соли чилуми подшоҳии Довуд онҳо тафтиш карда шуданд, ва дар миёни онҳо мардони далер дар Яъзир‐Ҷилъод ёфт шуданд.
32
Ва бародарони вай, ду ҳазору ҳафтсад нафар мардони далер, сардорони хонаводаҳо буданд, ва онҳоро подшоҳ Довуд бар реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше аз ҷиҳати ҳар хизмати Худо ва хизмати подшоҳ таъин намуд.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29