bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Chronicles 22
1 Chronicles 22
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 23 →
1
Ва Довуд гуфт: «Ин аст хонаи Худованд Худо ва ин аст қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ барои Исроил».
2
Ва Довуд амр фармуд, ки ғарибонро, ки дар замини Исроил мебошанд, дар як ҷо ҷамъ кунанд, ва ӯ сангтарошонро таъин кард, то ки сангҳо барои сохтани хонаи Худо битарошанд.
3
Ва Довуд оҳани зиёде барои мехҳо, барои табақаҳои дарвозаҳо ва барои ошиқ‐маъшуқҳо тайёр кард, ва миси зиёде низ, ки вазнаш маълум набуд,
4
Ва дарахтони арз, ки сону шумор надошт, зеро ки сидӯниён ва сӯриён дарахтони арз барои Довуд бисьёр оварда буданд.
5
Ва Довуд гуфт: «Писарам Сулаймон ҷавон ва нозук аст, ва хонае ки барои Худованд бино кардан лозим аст, бояд бағоят азим, номӣ ва мӯҳташам дар назари ҳамаи кишварҳо бошад; пас, барои ӯ ман тайёр мекунам». Ва Довуд пеш аз фавти худ масолеҳи зиёде тайёр кард.
6
Ва писараш Сулаймонро хонда, ба вай амр фармуд, ки хонае барои Худованд Худои Исроил бино кунад.
7
Ва Довуд ба Сулаймон гуфт: «Эй писарам, муроди дили ман ин буд, ки хонае ба исми Худованд Худои худ бино кунам.
8
Вале каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: „Ту хуни зиёде рехтаӣ, ва ҷангҳои азиме кардаӣ; ту набояд хонае ба исми Ман бино кунӣ, зеро ки ба ҳузури Ман хуни бисьёре бар замин рехтаӣ.
9
Инак, писаре барои ту таваллуд хоҳад ёфт, ки вай марди осоиштае хоҳад буд, ва Ман ба вай аз ҳамаи душманони гирду атрофаш осоиштагӣ хоҳам бахшид; зеро ки номи вай Сулаймон хоҳад буд, ва Ман дар айёми вай ба Исроил сулҳ ва осоиштагӣ хоҳам бахшид.
10
Вай хонае ба исми Ман бино хоҳад кард, ва вай барои Ман писар хоҳад буд, ва Ман барои вай падар хоҳам буд, ва тахти салтанати варо бар Исроил то абад пойдор хоҳам гардонид“.
11
Алҳол, эй писарам, бигзор Худованд бо ту бошад, то ки комьёб гардида, хонаи Худованд Худои худро бино кунӣ, чунон ки Ӯ дар бораи ту гуфтааст;
12
Ва бигзор Худованд ба ту ақлу фаҳм ато фармояд, ва туро бар Исроил таъин кунад, то ки шариати Худованд Худои худро риоя намоӣ.
13
Он гоҳ ту комьёб хоҳӣ шуд, ба шарте ки фароиз ва дастурҳоеро, ки Худованд ба Мусо дар бораи Исроил амр фармудааст, риоя намуда ба амал оварӣ; пас, қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав!
14
Ва инак, ман дар аҷзи худ барои хонаи Худованд сад ҳазор киккар тилло ва ҳазор ҳазор киккар нуқра тайёр кардаам, ва он қадар мис ва оҳан, ки вазнаш маълум нест, чунки бисьёр буд; ва чӯбу тахта ва сангҳо тайёр кардаам, ва ту бар онҳо илова намо.
15
Ва назди ту коргарони бисьёре ҳастанд: сангтарошон ва харротони санг ва чӯб, ва ҳар навъ ҳунармандон дар ҳар кори
16
Тилло, нуқра, мис ва оҳан сону шумор надоранд; пас, бархез ва амал намо, ва Худованд бо ту хоҳад буд».
17
Ва Довуд ба ҳамаи сарварони Исроил васият мекунад, ки ба писараш Сулаймон мадад расонанд:
18
«Худованд Худои шумо, охир, бо шумост, ва аз ҳар ҷониб ба шумо осоиштагӣ бахшидааст, зеро ки сокинони ин заминро ба дасти ман супурдааст, ва ин замин пеши Худованд ва пеши қавми Ӯ тобеъ гардидааст.
19
Алҳол дилҳо ва ҷонҳои худро омода намоед, то ки Худованд Худои худро ҷӯё бошед; ва бархоста, қудси Худованд Худоро бино кунед, то ки сандуқи аҳди Худованд ва колои муқаддаси Худоро ба хонае ки ба исми Худованд бино меёбад, бикӯчонед».
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29