bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Chronicles 27
1 Chronicles 27
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 28 →
1
Ва банӣ‐Исроил, бар ҳасби шумораи онҳо, яъне сардорони хонаводаҳо ва мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва нозирони онҳо, дар ҳар кори гурӯҳҳое ки моҳ ба моҳ меомаданд ва мерафтанд, дар ҳамаи моҳҳои сол ба подшоҳ хизмат мекарданд; дар ҳар гурӯҳ бисту чор ҳазор нафар буданд.
2
Бар гурӯҳи якум барои моҳи якум Ёшобъом ибни Забдиил буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд;
3
Ӯ, аз писарони Форас, бар ҳамаи сарлашкарҳо дар моҳи якум сардор буд.
4
Ва бар гурӯҳи моҳи дуюм Дӯдаи аҳӯҳӣ буд, ва дар гурӯҳи ӯ Миқлӯти сарвар низ буд; ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
5
Сарлашкари сеюм барои моҳи сеюм Баноёҳу ибни Еҳӯёдои саркоҳин буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
6
Ин ҳамон Баноёҳу буд, ки ҷасуртарини он сӣ нафар ва сардор бар он сӣ нафар буд, ва дар гурӯҳи ӯ писараш Аммизобод буд.
7
Сарлашкари чорум барои моҳи чорум Асоил бародари Юоб ва баъд аз ӯ писараш Забадьё буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
8
Сарлашкари панҷум барои моҳи панҷум Шамҳути йизроҳӣ буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
9
Сарлашкари шашум барои моҳи шашум Иро ибни Иққиши тақӯӣ буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
10
Сарлашкари ҳафтум барои моҳи ҳафтум Ҳиласи фалунӣ аз писарони Эфроим буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту ҷор ҳазор нафар буданд.
11
Сарлашкари ҳаштум барои моҳи ҳаштум Сибкаи хушотӣ аз зораҳиён буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
12
Сарлашкари нӯҳум барои моҳи нӯҳум Абиозари анотӯтӣ аз биньёминиён буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
13
Сарлашкари даҳум барои моҳи даҳум Маҳраи натӯфотӣ аз зораҳиён буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
14
Сарлашкари ёздаҳум барои моҳи ёздаҳум Баноёи фиръотунӣ аз писарони Эфроим буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
15
Сарлашкари дувоздаҳум барои моҳи дувоздаҳум Ҳолдаи натӯфотӣ аз писарони Отниил буд, ва дар гурӯҳи ӯ бисту чор ҳазор нафар буданд.
16
Ва бар сибтҳои Исроил: раиси Реубен — Элиозар ибни Зикрӣ; раиси Шимъӯн — Шафатьёҳу ибни Маако;
17
Раиси Левӣ — Ҳашабьё ибни Қамуил; раиси Ҳорун — Содӯқ;
18
Раиси Яҳудо — Элиҳу аз бародарони Довуд; раиси Иссокор — Омрӣ ибни Микоил;
19
Раиси Забулун — Йишмаъёҳу ибни Убадьёҳу; раиси Нафтолӣ — Еримӯт ибни Азриил;
20
Раиси банӣ‐Эфроим — Ҳӯшаъ ибни Азазьёҳу; раиси нисфи сибти Менашше — Юил ибни Фадоёҳу;
21
Раиси нисфи Менашше дар Ҷилъод — Йиддӯ ибни Закарьёҳу; раиси Биньёмин — Яасиил ибни Абнир;
22
Раиси Дон — Азаръил ибни Ерӯҳом. Инҳо сарварони сибтҳои Исроил буданд.
23
Вале Довуд касонеро, ки бистсола ва камтар буданд, саршуморӣ накард, зеро Худованд гуфта буд, ки Исроилро мисли ситораҳои осмон сершумор мегардонад.
24
Юоб ибни Саруё ба саршуморӣ сар кард, вале ба анҷом нарасонид, ва ба ин муносибат ғазабе бар Исроил ба амал омад; ва он саршуморӣ ба китоби вақоеъномаи подшоҳ Довуд дохил нашуд.
25
Ва бар хазоини подшоҳ Азмавт ибни Адиил буд; ва бар анборҳое ки дар саҳро, дар шаҳрҳо ва дар деҳот ва дар қалъаҳо буд, — Йӯнотон ибни Уззиёҳу;
26
Ва бар коркунони саҳро, ки заминро кор мекарданд, — Эзрӣ ибни Калуб;
27
Ва бар токзорҳо — Шимъии ромотӣ; ва бар анборҳои шароб ки дар токзорҳо буд — Забдии шифмӣ;
28
Ва бар дарахтони зайтун ва тут‐анҷир, ки дар пастӣ буд, — Баал‐Ҳонони ҷадирӣ; ва бар анборҳои равған — Юош;
29
Ва бар говҳое ки дар Шорӯн мечарид, — Ширтаи шорӯнӣ; ва бар говҳое ки дар водиҳо буд, — Шофот ибни Адлой;
30
Ва бар шутурҳо — Убили исмоилӣ; ва бар модахарҳо — Еҳдиёҳуи мирӯнутӣ;
31
Ва бар бузу гӯсфандон — Ёзизи ҳаҷрӣ. Ҳамаи инҳо сардорони молу мулк буданд, ки подшоҳ Довуд баргумошта буд.
32
Ва Йӯнотон, амаки Довуд, машваратчӣ, марди оқил ва котиб буд; ва Яҳиил ибни Ҳакмӯнӣ назди писарони Довуд буд.
33
Ва Аҳитӯфал машваратчии подшоҳ, ва Ҳушаи арқӣ дӯсти подшоҳ буд;
34
Ва баъд аз Аҳитӯфал Еҳӯёдоъ ибни Баноёҳу ва Абьётор буданд; ва сарлашкари подшоҳ Юоб буд.
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 28 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29