bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Chronicles 25
1 Chronicles 25
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 26 →
1
Ва Довуд ва сардорони лашкари хизмат писарони Ософ ва Ҳеймон ва Едутунро ҷудо карданд, то ки бо барбатҳо, удҳо ва санҷҳо сурудгӯӣ кунанд; ва шумораи онҳо, ки дар хизмати худ моҳир буданд, ин аст:
2
Аз писарони Ософ: Заккур ва Юсуф ва Натаньё ва Асарэло; ин писарони Ософ дастпарварди Ософ буданд, ки ӯ бо ҳидояти подшоҳ сурудгӯӣ мекард.
3
Аз Едутун, писарони Едутун: Ҷадальёҳу, Сарӣ, Ешаъёҳу, Ҳашабьёҳу ва Маттитьёҳу — шаш нафар, ки дар таҳти роҳбарии падарашон Едутун барбат навохта, дар ҳамд ва ситоиши Худованд сурудгӯӣ мекарданд.
4
Аз Ҳеймон, писарони Ҳеймон: Буққиёҳу, Маттаньёҳу, Уззиил, Шабуил, Еримӯт, Ҳананьё, Ҳанонӣ, Элиото, Ҷиддалтӣ, Ромамтӣ‐Озар, Ёшбеқошо, Маллӯтӣ, Ҳӯтир ва Маҳазиӯт.
5
Ҳамаи онҳо писарони Ҳеймон буданд, ки ӯ пешбини подшоҳ дар ҳамду санои Худо буд, то ки ҷалоли Ӯро баланд бардорад; ва Худо ба Ҳеймон чордаҳ писар ва се духтар дода буд.
6
Ҳамаи инҳо дар таҳти роҳбарии падарашон бо санҷҳо, удҳо ва барбатҳо дар хонаи Худованд сурудгӯӣ мекарданд, ва ин хизмати хонаи Худоро бо ҳидояти подшоҳ ва Ософ ва Едутун ва Ҳеймон ба ҷо меоварданд.
7
Ва шумораи онҳо бо бародаронашон, ки сурудгӯиро барои Худованд таълим гирифта буданд, яъне ҳамаи касоне ки дар ин кор маҳорат доштанд, дусаду ҳаштоду ҳашт нафар буд.
8
Ва онҳо барои муқаррар кардани навбатдорӣ, — хурд дар баробари калон, моҳир дар баробари шогирд, — қуръа партофтанд.
9
Ва қуръаи якуми банӣ‐Ософ барои Юсуф баромад; дуюм — барои Ҷадальёҳу, ки ӯ ва бародаронаш ва писаронаш дувоздаҳ нафар буданд;
10
Сеюм — барои Заккур, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
11
Чорум — барои Йисрӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
12
Панҷум — барои Натаньёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
13
Шашум — барои Буққиёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
14
Ҳафтум — барои Есарэло, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
15
Ҳаштум — барои Ешаъёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
16
Нӯҳум — барои Маттаньёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
17
Даҳум — барои Шимъӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
18
Ёздаҳум — барои Азаръил, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
19
Дувоздаҳум — барои Ҳашабьё, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
20
Сездаҳум — барои Шубоил, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
21
Чордаҳум — барои Маттитьёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
22
Понздаҳум — барои Еримӯт, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
23
Шонздаҳум — барои Ҳананьёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
24
Ҳафдаҳум — барои Ёшебқошо, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
25
Ҳаждаҳум — барои Ҳанонӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
26
Нуздаҳум — барои Маллӯтӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
27
Бистум — барои Элиёто, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
28
Бисту якум — барои Ҳӯтир, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
29
Бисту дуюм — барои Ҷиддалтӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
30
Бисту сеюм — барои Маҳазиӯт, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;
31
Бисту чорум — барои Рӯмамтӣ‐Озар, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар.
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 26 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29