bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Chronicles 28
1 Chronicles 28
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 29 →
1
Ва Довуд ҳамаи сарварони Исроил, сарварони сибтҳо ва сарварони гурӯҳҳоро, ки ба подшоҳ хизмат мекарданд, ва мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва сардорони тамоми молу мулк ва чорвои подшоҳ ва писаронашро бо хоҷасароён ва паҳлавонон ва ҳамаи мардони ҷангӣ дар Ерусалим ҷамъ кард.
2
Ва подшоҳ Довуд бар поҳояш бархоста, гуфт: «Маро бишнавед, эй бародарони ман ва қавми ман! Муроди дили ман ин буд, ки хонаи оромгоҳе барои сандуқи аҳди Худованд ва барои кадамгоҳи Худои мо бино кунам, ва барои бино кардани он тайёрӣ дидам.
3
Вале Худо ба ман гуфт: „Ту хонае ба исми Ман бино накун, зеро ки ту марди ҷангӣ ҳастӣ, ва хун рехтаӣ“.
4
Ва Худованд Худои Исроил маро аз тамоми хонадони падарам интихоб кард, то ки бар Исроил ба сурати абадӣ подшоҳ бошам, зеро ки Ӯ Яҳудоро ҳамҷун раис баргузид, ва аз хонадони Яҳудо — хонадони падари маро, ва аз писарони падарам — ба ман таваҷҷӯҳ намуд, то ки бар тамоми Исроил подшоҳ гардонад.
5
Ва аз ҳамаи писаронам, — зеро ки Худованд ба ман писарони бисьёре додааст, — Ӯ писарам Сулаӣмонро интихоб кард, то ки вай бар тамоми салтанати Худованд бар Исроил биншинад.
6
Ва Ӯ ба ман гуфт: „Писари ту, Сулаймон, ҳамон аст, ки хонаи Маро, ва саҳнҳои Маро бино хоҳад кард, зеро ки Ман варо баргузидаам, то ки барои Ман писар бошад, ва Ман барои вай падар хоҳам буд,
7
Ва салтанати варо то абад пойдор хоҳам гардонид, ба шарте ки дар иҷрои аҳком ва дастурҳои Ман мисли имрӯз устувор бошад“.
8
Ва алҳол, дар пеши назари тамоми Исроил, ки ҷамоати Худованд ҳастанд, ва ба самъи Худои мо мегӯям: тамоми аҳкоми Худованд Худои худро ба ҷо оваред ва ҷӯё бошед, то ки ин замини хубро тасарруф намоед ва баъд аз худ онро ба писарони худ то абад мерос бигузоред.
9
Ва ту, эй писарам Сулаймон, Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад. Агар Ӯро ҷӯё бошӣ, Ӯ барои ту ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк намоӣ, Ӯ туро то абад тарк хоҳад кард.
10
Алҳол диққат намо, зеро ки Худованд туро баргузидааст, то ки хонае барои қудс бино намоӣ, пас қавӣ бош ва амал намо».
11
Ва Довуд ба писараш Сулаймон нақшаи равоқ, ва хонаҳои он, ва анборҳои он, ва болохонаҳои он, ва ҳуҷраҳои дохилии он, ва хонаи ҳарамро дод,
12
Ва нақшаи ҳар он чиро, ки аз ҷониби Рӯҳ ба ӯ ато шуда буд, — барои саҳнҳои хонаи Худованд, ва барои ӯтоқҳои гирдогирди он, ва барои хазоини хонаи Худо, ва барои хазоини қурбониҳои муқаддас,
13
Ва барои гурӯҳҳои коҳинон ва левизодагон, ва барои тамоми кори хизматгузории хонаи Худованд, ва барои тамоми колои хизмати хонаи Худованд.
14
Ва тиллоро бо вазни тилло барои тамоми колои ҳар навъ хизмат дод; ва нуқраро барои тамоми колои нуқра бо вазни он барои тамоми колои ҳар навъ хизмат;
15
Ва тиллоро бо вазни он барои чароғдонҳо ва чароғҳои онҳо, бо вазни он барои ҳар чароғдон ва чароғҳояш; ва нуқраро бо вазни он барои чароғдонҳои нуқра, барои ҳар чароғдон ва чароғҳояш, мувофиқи кори ҳар чароғдон;
16
Ва тиллоро бо вазни он барои мизҳои нони тақдим, барои ҳар миз; ва нуқраро барои мизҳои нуқра;
17
Ва тиллои ҳолисро барои чанголҳо ва косаҳо ва пиёлаҳо; ва барои тосҳои тилло бо вазни он барои ҳар тос; ва нуқраро барои тосҳои нуқра бо вазни он барои ҳар тос;
18
Ва тиллои софро бо вазни он барои қурбонгоҳи бухур; ва барои нақшаи ароба, яъне каррубиёни тиллое ки болҳошонро паҳн карда, болои сандуқи аҳди Худовандро мепӯшонанд.
19
Ҳамаи ин ба таври хаттист, ки аз ҷониби Худованд бар ман нозил шуда, ҳамаи корҳои ин нақшаро ба ман фаҳмонидааст.
20
Ва Довуд ба писараш Сулаймон гуфт: «Қавӣ ва далер бош ва амал намо, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ки Худованд Худо, Худои ман, бо туст, ва то тамоми коре ки барои хизмати хонаи Худованд лозим аст, ба анҷом нарасад, Ӯ аз ту дур нахоҳад шуд ва туро тарк нахоҳад кард.
21
Ва инак гурӯҳҳои коҳинон ва левизодагон барои хизмати хонаи Худо; ва ҳар валинеъмате ки ҳикматашро ба ҳар амал мебахшад, дар тамоми ин кор бо туст, ва сарварон ва тамоми қавм ба ҳар амри ту итоат хоҳанд кард».
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 29 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29