bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Timothy 1
1 Timothy 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
1
Павлус, расули Исои Масеҳ бо фармони Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Худованд Исои Масеҳ, ки умеди мост,
2
ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Масеҳ Исо бод.
3
Вақте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфесус монӣ, то баъзе касонро фармоӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд
4
ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоён машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба баҳсҳо оварда мерасонад.
5
Мақсади ин фармуда муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бе дурӯягӣ падид меояд,
6
ки баъзе касон аз он дур шуда, ба беҳудагӯӣ моил шудаанд,
7
дар ҳоле ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо он чи мегӯянд ва он чи даъво мекунанд, намефаҳманд.
8
Лекин мо медонем, ки шариат нек аст, кас агар онро ба дурустӣ ба кор барад,
9
ва инро донад, ки шариат на барои росткор дар миён гузошта шудааст, балки барои бадкорон ва саркашон, худонотарсон ва гуноҳкорон, нопокон ва худобехабарон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон,
10
барои фосиқон, бачабозон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,
11
аз рӯи Инҷили ҷалоли Худои муборак, ки ба ман супурда шудааст.
12
Пас Худовандамон Масеҳ Исоро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро боваринок дониста, ба хизматгузорӣ таъйин намуд, —
13
маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин ба ман марҳамат карда шуд, чунки аз рӯи нодонӣ дар беимонӣ амал мекардам.
14
Ва файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Масеҳ Исо аст, беандоза зиёд шуд.
15
Ин сухан боварибахш аст ва сазовори қабули комил, ки Масеҳ Исо ба дунё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам.
16
Лекин ба ман барои он марҳамат карда шуд, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти абадӣ ба Ӯ имон меоваранд, намунаи ибрат бошам.
17
Ба Подшоҳи абадӣ, ба Худои нобуднашаванда, нонамоён ва хирадманди якто то абад иззат ва ҷалол бод. Омин.
18
Ба ту, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи пайғамбариҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуданд, ин фармударо месупорам, то аз рӯи онҳо дар набарди нек ҷанг кунӣ,
19
ва имон ва виҷдони некро нигоҳ дорӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;
20
аз он ҷумла Ҳименоюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то ибрат гирифта, /дигар/ куфр нагӯянд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6