bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Timothy 5
1 Timothy 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
1
Пирамардро сарзаниш накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон;
2
пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покӣ.
3
Бевазанонро, ки ҳақиқатан бевазанон бошанд, эҳтиром намо.
4
Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, онҳо аввал нисбат ба оилаи худ худотарс буданро ёд гиранд ва падару модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ин писандидаи Худост.
5
Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба зорӣ ва дуо машғул аст,
6
лекин бевазане ки дар айшу нӯш умр мегузаронад, зинда ба зинда мурда аст.
7
Ҳаминро ба онҳо фармо, то беайб бошанд.
8
Аммо агар касе ба хешу табораш ва хусусан ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст.
9
Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад
10
ва дар бораи корҳои некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбия дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар кори некро пайравӣ карда бошад.
11
Лекин бевазанони ҷавонтарро рад кун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, шавҳар кардан мехоҳанд;
12
бинобар ин маҳкум мешаванд, чунки имони пештараро рад кардаанд.
13
Ва илова бар ин, хона ба хона гашта, омӯхта мешаванд, ки бекор бошанд, ва на танҳо бекор, балки низ сергап ва кунҷков, ки суханони ношоиста мегӯянд.
14
Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон шавҳар кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад;
15
зеро аллакай баъзеи онҳо аз пайи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд.
16
Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар ҷамоат гаронӣ накунад, то ҷамоат ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад.
17
Пироне ки нағз сардорӣ мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, хусусан онҳое ки дар калом ва таълим меҳнат мекунанд,
18
зеро Китоб мегӯяд: “Даҳони барзаговеро, ки хирман мекӯбад, набанд”; ва: “Меҳнаткаш сазовори музди худ аст”.
19
Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун.
20
Онҳоеро, ки гуноҳ мекунанд, дар ҳузури ҳама сарзаниш кун, то дигарон низ тарсанд.
21
Дар пеши Худо ва Худованд Исои Масеҳ ва фариштаҳои интихобшуда туро қасам медиҳам, ки инро бе пешдоварӣ риоя намоӣ ва ҳеҷ кореро бо рӯйбинӣ накунӣ.
22
Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор.
23
Дигар фақат об нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёди худ каме май ба кор бар.
24
Гуноҳҳои баъзе касон ошкоранд ва рост сӯи маҳкумият мебаранд, лекин гуноҳҳои дигарон баъдтар ошкор мешаванд.
25
Ҳамчунин корҳои нек ошкоранд, ва агар ин тавр набошанд ҳам, пинҳон монда наметавонанд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6