bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Timothy 3
1 Timothy 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 4 →
1
Ин сухан боварибахш аст, ки агар касе нигаҳбони /ҷамоат/ будан хоҳад, кори хубе орзу мекунад.
2
Аммо нигаҳбон бояд беайб, шавҳари як зан, ҳушёр, боандеша, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад;
3
на майпараст, на ҷангара, на тамаъкор, балки нармдил ва на ситезаҷӯ, на пулпараст;
4
аҳли хонаи худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли эҳтиром дар фармонбардорӣ нигоҳ дорад;
5
зеро агар кас надонад чӣ гуна аҳли хонаи худро идора кунад, чӣ гуна вай дар бораи ҷамоати Худо ғамхорӣ карда метавонад?
6
Навимон набошад, мабодо ҳавобаланд шуда, зери ҳукми иблис афтад.
7
Ва ҳамчунин назди онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, ӯ бояд некном бошад, то ба расвоӣ ва доми иблис гирифтор нашавад.
8
Хизматгузорон низ соҳибэҳтиром бошанд, на дузабон, на моили шаробнӯшии зиёд, на тамаъкор,
9
/балки/ сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд.
10
Валекин онҳо бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, хизмат кунанд.
11
Ҳамчунин занонашон бояд соҳибэҳтиром бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушёр ва аз ҳар ҷиҳат боваринок.
12
Хизматгузорон бояд шавҳари як зан бошанд, фарзандон ва аҳли хонаи худро ба хубӣ идора кунанд;
13
зеро онҳое ки нағз хизмат кардаанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Масеҳ Исо аст, муҳайё мекунанд.
14
Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям.
15
Аммо агар дер монам, туро лозим аст донӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор бояд кард, ки он ҷамоати Худои зинда, сутун ва бунёди ростист.
16
Ва бечуну чаро бузург аст сирри худотарсӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, Дар Рӯҳ тасдиқ гардид, Ба фариштаҳо намоён шуд, Дар миёни халқҳо мавъиза шуд, Дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, Дар ҷалол боло бурда шуд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6