bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Timothy 6
1 Timothy 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
1
Ҳамаи онҳое ки зери юғи ғуломӣ ҳастанд, бояд хоҷагони худро сазовори эҳтироми комил донанд, то ҳеҷ кас номи Худо ва таълимотро бадгӯӣ накунад.
2
Вале онҳое ки хоҷагони имондор доранд, набояд онҳоро ба сабаби бародар буданашон хор шуморанд; балки бояд зиёдтар бандагӣ намоянд, зеро онҳое ки баҳра мебинанд, имондор ва дӯстдоштаанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо.
3
Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти худотарсӣ пайравӣ накунад, —
4
вай ҳавобаланд аст ва ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории ҷидолҳо ва баҳсҳо дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои бад
5
ва кашмакашҳои доимӣ дар миёни шахсони фикрашон фосид ва аз ҳақиқат дур ба амал меоянд, ки гумон мекунанд худотарсӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
6
Аммо худотарсӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.
7
Зеро мо ба дунё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки чизе аз он бурдан ҳам наметавонем.
8
Пас, агар хӯрок ва либос дошта бошем, бояд аз он қонеъ шавем.
9
Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватманд шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо одамонро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд.
10
Зеро ки решаи ҳамаи бадиҳо пулпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон гаштаанд ва худро гирифтори дардҳои зиёде кардаанд.
11
Аммо ту, эй одами Худо, аз ин гурез ва аз пайи росткорӣ, худотарсӣ, имон, муҳаббат, сабр ва нармдилӣ рав.
12
Дар роҳи неки имон талош намо, ҳаёти абадиро ба даст овар, ки барои он даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисёр эътирофи нек кардаӣ.
13
Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Масеҳ Исо, ки дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст, ба ту мефармоям,
14
ки фармударо то вақти зоҳир шудани Худованди мо Исои Масеҳ бенуқсон ва беайб риоя намоӣ,
15
ки онро дар вақти худ нишон медиҳад: Фармонгузори муборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон Ва Худованди худовандон,
16
Ки танҳо Ӯ намиранда буда, Дар нури дастнорас сокин аст, Ва Ӯро ҳеҷ кас надидааст Ва дида наметавонад. Ӯро то абад иззат ва қудрат бод! Омин.
17
Сарватдорони давраи ҳозираро фармо, ки ҳавобаландӣ накунанд ва на ба сарвати бебақо, балки ба Худои зинда умед банданд, ки ҳама чизро барои лаззати мо ба фаровонӣ ато мекунад;
18
бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз корҳои нек сарватманд шаванд, саховатманд ва дасткушод бошанд,
19
то барои худ /ганҷе/ ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, ва ҳаёти абадиро ба даст оваранд.
20
Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз беҳудагӯии худобехабарона ва ақидаҳои мухолиф, ки бардурӯғ дониш номида мешаванд, рӯй гардон,
21
ки баъзе касон онро пайравӣ карда, аз имон гаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
All chapters:
1
2
3
4
5
6