bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Timothy 2
1 Timothy 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
1
Пас, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки илтимосҳо, дуоҳо, шафоатҳо ва шукронаҳо барои ҳамаи одамон ба ҷо оварем,
2
/аз он ҷумла/ барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва осуда, бо камоли худотарсӣ ва сарбаландӣ умр гузаронем.
3
Зеро ин ба Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,
4
ки Ӯ мехоҳад ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ расанд.
5
Зеро Худо яктост, ва Миёнарав байни Худо ва одамон /низ/ яктост, ки Масеҳ Исои одамизод аст,
6
ки Худро чун фидияе барои ҳама дод. Ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,
7
ва барои ин ман воиз ва расул ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъйин шудаам, — дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ не.
8
Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд;
9
ва занон низ дар сару либоси шоиста шармгин ва покдоман бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,
10
балки бо корҳои нек, чунон ки ба заноне ки даъвои худотарсӣ мекунанд, муносиб аст.
11
Бигзор зан дар хомӯшӣ бо камоли фармонбардорӣ таълим гирад;
12
ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва ба мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад.
13
Зеро аввал Одам сиришта шудааст, ва баъд Ҳавво;
14
ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фирефта гардида, ба хато дучор шудааст;
15
лекин /зан/ бо зоидани фарзанд нигоҳ дошта мешавад, агар дар имон ва муҳаббат ва муқаддасӣ бо покдоманӣ устувор монад.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6