bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
1 Timothy 4
1 Timothy 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
1
Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои оянда баъзе касон аз имон гашта, ба рӯҳҳои фиребанда ва таълимотҳои девҳо рӯ меоваранд,
2
ба воситаи дурӯягии дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст,
3
никоҳро манъ мекунанд ва аз хӯрокҳое парҳез /мефармоянд/, ки онҳоро Худо офаридааст, то имондорон ва донандагони ростӣ бо шукргузорӣ истеъмол кунанд.
4
Зеро ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ истеъмол кунанд,
5
чунки он бо каломи Худо ва бо дуо муқаддас мегардад.
6
Агар инро ба бародарон ёдовар шавӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ мешавӣ, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирад.
7
Аммо аз афсонаҳои худобехабаронаи пиразанҳо рӯй гардон, балки худро дар худотарсӣ машқ деҳ;
8
зеро машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале худотарсӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.
9
Ин сухан боварибахш аст ва сазовори қабули комил.
10
Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва хорӣ мебинем, ки ба Худои зинда умед бастаем, ки Ӯ Нигаҳдорандаи ҳамаи одамон, хусусан имондорон аст.
11
Ҳаминро фармо ва таълим деҳ.
12
Бигзор ҳеҷ кас туро ба сабаби ҷавонӣ хор нашуморад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.
13
То омаданам бо китобхонӣ, насиҳат ва таълим машғул шав.
14
Ба атое ки дар туст, беаҳамиятӣ накун, ки он ба ту ба воситаи пайғамбарӣ бо гузоштани дастҳои пирон дода шудааст.
15
Ба ин чизҳо ғамхорӣ намо, худро ба онҳо бахш, то ки пешрафти ту ба ҳама намоён шавад.
16
Ба худ ва ба таълим диққат деҳ, ҳамеша бо онҳо машғул бош; зеро, агар чунин кунӣ, ҳам худро нигоҳ медорӣ ва ҳам шунавандагонатро.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6