bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Ephesians 1
Ephesians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
1
Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфесус мебошанд ва дар Масеҳ Исо вафодоранд:
2
файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод.
3
Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар /ҷойҳои/ осмонӣ аст, дар Масеҳ баракат додааст,
4
чунон ки моро пеш аз бунёдшавии ҷаҳон дар Ӯ интихоб кардааст, то пеши рӯи Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем.
5
Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба воситаи Исои Масеҳ барои Худ, аз рӯи хушнудии хости Худ ба писарӣ қабул кунад,
6
барои ситоиши ҷалоли файзи Худ, ки бо он моро дар Дӯстдошта бахшидааст.
7
Дар Ӯ мо бо хуни Ӯ раҳоӣ ва бахшоиши хатоҳоро мувофиқи сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,
8
ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмату хирад
9
сирри хости Худро, ки пештар аз рӯи хушнудии Худ дар Худ муқаррар намуд, ба мо маълум кардааст.
10
Ҳангоме ки идораи пуррагии замонҳо /муяссар гардад, Худо/ ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ мекунад.
11
Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро мувофиқи нақшаи хости Худ ба амал меоварад, аз рӯи таъйиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда, меросро ба даст овардаем,
12
то мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ситоиши ҷалоли Ӯ бошем.
13
Шумо низ дар Ӯ ҳастед, чун каломи ростӣ, яъне башорати наҷоти худро шунидаед; дар Ӯ низ, чун имон овардаед, бо Рӯҳулқудси ваъдашуда мӯҳр зада шудаед,
14
ки гарави мероси мост то замоне ки мулки /Худо/ бозхарида шавад, барои ситоиши ҷалоли Ӯ.
15
Бинобар ин ман низ, ҳангоме ки аз имони шумо ба Худованд Исо ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам,
16
шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам,
17
то Худои Худованди мо Исои Масеҳ, Падари ҷалол, рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро дар шинохтани Худ ба шумо ато намояд,
18
ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо донед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ дар муқаддасон чӣ гуна аст,
19
ва бузургии қуввати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. /Он қувват/ аз рӯи амали тавоноии қудрати Ӯст,
20
ки дар Масеҳ амал кардааст, ҳангоме ки Ӯро аз мурдагон бархезонд ва аз дасти рости Худ дар ҷойҳои осмонӣ шинонд,
21
болотар аз ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорӣ ва қудрат ва ҳукмронӣ ва ҳар номе ки на танҳо дар ин давра, балки дар давраи оянда низ хонда мешавад;
22
ва ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба ҷамоат дод,
23
ки он бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6