bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Ephesians 5
Ephesians 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
1
Пас чун фарзандони дӯстдошта ба Худо тақлид намоед,
2
ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи хуш дод.
3
Лекин фосиқӣ ва ҳар гуна нопокӣ ё тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст;
4
ҳамчунин /гуфтори/ зишт ва беҳудагӯӣ ё шӯхии бемаънӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ бояд кард.
5
Зеро инро медонед, ки ҳеҷ як фосиқ, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Подшоҳии Масеҳ ва Худо мерос надорад.
6
Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо гапҳои беҳуда фирефта накунад, зеро барои ин ғазаби Худо бар писарони саркашӣ меояд.
7
Пас, шарики онҳо нашавед.
8
Зеро замоне торикӣ будед, вале акнун нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,
9
чунки самари Рӯҳ аз ҳар некӯӣ, росткорӣ ва ҳақиқат иборат аст;
10
ва таҳқиқ кунед, ки он чи Худованд меписандад, чист.
11
Ва дар амалҳои бесамари торикӣ иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.
12
Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, гап задан ҳам нанговар аст.
13
Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар нур намоён мешавад, зеро ҳар он чи намоён мешавад, нур аст.
14
Бинобар ин гуфта шудааст: “Эй ту, ки дар хобӣ, бедор шав Ва аз мурдагон бархез, То Масеҳ бар ту дурахшад”.
15
Пас, нигоҳ кунед, ки чӣ гуна бо диққат рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон,
16
ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо бад мебошанд.
17
Бинобар ин нодон набошед, балки фаҳмед, ки хости Худо чист.
18
Ва масти май нашавед, ки аз он бадахлоқӣ ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шавед,
19
ва ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд сароед ва тарона хонед,
20
ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба номи Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед,
21
дар тарси Худо фармонбардори якдигар шавед.
22
Эй занон, фармобардори шавҳарони худ шавед, монанди он ки ба Худованд бошад,
23
чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари ҷамоат аст; ва Ӯ Наҷотдиҳандаи бадан аст.
24
Аммо, чунон ки ҷамоат ба Масеҳ фармонбардор аст, занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ фармонбардор бошанд.
25
Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ҷамоатро дӯст дошт ва Худро барои он дод,
26
то онро бо шустушӯи об пок карда, ба воситаи калом муқаддас гардонад,
27
ва назди Худ ҷамоатро дар шукӯҳе ҳозир созад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.
28
Ҳамин гуна бояд шавҳарон занони худро ҳамчун бадани худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст дорад, худро дӯст медорад.
29
Зеро ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ ҷамоатро;
30
чунки мо узвҳои бадани Ӯ ҳастем, аз ҷисми Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ.
31
“Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд”.
32
Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва ҷамоат сухан мегӯям.
33
Пас бигзор ҳар яке аз шумо зани худро монанди худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ тарсад.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6