bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Ephesians 3
Ephesians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 4 →
1
Аз ин сабаб ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам.
2
Албатта шумо дар бораи коргузории файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,
3
ки ба воситаи ваҳй сирре ба ман маълум шудааст, чунон ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам,
4
ва онро хонда, метавонед фаҳми маро дар сирри Масеҳ пай баред.
5
Он дар наслҳои пешина ба банӣ-одам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба расулони муқаддаси Ӯ ва ба пайғамбарон ба воситаи Рӯҳ ошкор шудааст,
6
ки халқҳо дар Масеҳ ба воситаи Инҷил дар мерос ва дар бадан ва дар баҳрамандӣ аз ваъдаи Ӯ шариканд.
7
Ман мувофиқи атои файзи Худо, ки бо амали қуввати Ӯ ба ман дода шудааст, хизматгузори он гардидаам.
8
Ба ман, ки хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз дода шудааст, ки сарвати таҳқиқнопазири Масеҳро дар миёни халқҳо башорат диҳам
9
ва ба ҳама равшан намоям, ки чист коргузории сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба воситаи Исои Масеҳ офарид,
10
то ки акнун ба воситаи ҷамоат ба сарвариҳо ва қудратҳои ҷойҳои осмонӣ ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,
11
мувофиқи нақшаи абадӣ, ки онро Ӯ дар Худованди мо Масеҳ Исо кашидааст,
12
ки дар Ӯ ва ба воситаи имон ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату дилпурӣ наздик шавем.
13
Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман ба хотири шумо дорам, ноумед нашавед, ки он фахри шумост.
14
Бинобар ин назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ,
15
ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,
16
зону мезанам, ки Ӯ мувофиқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин боқувват ва зӯрманд шавед,
17
ва Масеҳ ба воситаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад, то дар муҳаббат реша давонда ва пойдор шуда,
18
бо ҳамаи муқаддасон дарёфта тавонед, ки чист фарохию дарозӣ ва пастию баландӣ,
19
ва муҳаббати Масеҳро, ки аз дониш болотар аст, донед, то бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.
20
Ӯро, ки метавонад бо қуввате ки дар мо фаъол аст, беандоза зиёдтар аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, амал кунад,
21
Ӯро дар ҷамоат ва дар Масеҳ Исо аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6