bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Ephesians 2
Ephesians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
1
Шуморо низ, ки дар хатоҳо ва гуноҳҳо мурда будед, /зинда гардонд/.
2
Дар онҳо шумо як вақте мувофиқи давраи ин дунё рафтор мекардед, аз рӯи /хости/ мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони саркашӣ амал мекунад.
3
Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи ҳавасҳои ҷисми худ зиндагӣ карда, хоҳишҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан чун дигарон фарзандони ғазаб будем.
4
Аммо Худо, ки аз марҳамат давлатманд аст, ба хотири муҳаббати бузурги Худ, ки ба мо дошт,
5
моро, агарчи дар хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, — бо файз наҷот ёфтаед, —
6
ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар ҷойҳои осмонӣ дар Масеҳ Исо шинонд,
7
то дар давраҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар некӯие ки ба мо дар Масеҳ Исо дорад, нишон диҳад.
8
Зеро шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, /балки/ атои Худост,
9
/ва/ аз амалҳо нест, то ҳеҷ кас фахр накунад.
10
Зеро мо сохтаи дасти Ӯ ҳастем ва дар Масеҳ Исо барои корҳои нек офарида шудаем, — /корҳое/ ки Худо пешакӣ омода намудааст, то дар онҳо қадамгузор бошем.
11
Пас дар ёд дошта бошед, ки як вақте аз рӯи ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки аҳли хатна номида мешаванд, шуморо бехатна меномиданд, вале хатнаи онҳо бо дасти инсон дар ҷисм ба амал оварда мешавад;
12
дар он замон шумо бе Масеҳ, аз шаҳрвандии Исроил ҷудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар ҷаҳон бе умед ва бе Худо будед.
13
Аммо акнун, дар Масеҳ Исо, шумо, ки як вақте дур будед, бо хуни Масеҳ наздик шудаед.
14
Зеро Ӯ осоиши мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне душманиро дар ҷисми Худ хароб кард,
15
ва шариати фармудаҳоро, /ки/ аз фаризаҳо /иборат буд/, бартараф намуд, то дар Худ аз ҳар ду як одами навро офарида, осоиш барпо кунад,
16
ва ба воситаи салиб душманиро кушта, дар як бадан ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад.
17
Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад, ва осоишро башорат дод,
18
зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.
19
Пас шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо,
20
ва бар таҳкурсии расулон ва пайғамбарон бино шудаед, ки Худи Исои Масеҳ санги гӯша аст.
21
Дар Ӯ тамоми бино пайваст шуда, ба ибодатхонаи муқаддасе дар Худованд нашъунамо мекунад,
22
ва дар Ӯ шумо низ бино мешавед, то дар Рӯҳ маскани Худо бошед.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6