bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Ephesians 4
Ephesians 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
1
Пас ман, ки дар Худованд бандӣ ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки шоистаи даъвате ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед,
2
бо тамоми фурӯтанӣ ва ҳалимӣ ва бо пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат бардошт намоед,
3
ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро бо банди осоиш нигоҳ доред:
4
Як бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки низ ба як умеди даъвати худ хонда шудаед;
5
як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид,
6
як Худо ва Падари ҳама, ки Ӯ бар болои ҳама ва ба воситаи ҳама ва дар ҳамаи мо мебошад.
7
Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.
8
Бинобар ин гуфта шудааст: “Ба афроз боло рафта, Асиронро ба асирӣ бурд Ва ба одамон атоҳо дод”.
9
Ва “боло рафт” /гуфтан/ чист, ғайр аз ин ки Ӯ пештар ба ҷойҳои пасттари замин фуруд ҳам омада буд?
10
Он ки фуруд омада буд, Ҳамон аст, ки болотар аз тамоми осмонҳо боло ҳам рафт, то ҳама чизро пур кунад.
11
Ӯ баъзеро чун расул, баъзеро чун пайғамбар, баъзеро чун башоратдиҳанда, баъзеро чун шубон ва муаллим дод,
12
барои такмили муқаддасон, ба кори хизмат, барои обод намудани бадани Масеҳ,
13
то даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба /дараҷаи/ марди комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ расем,
14
то мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонда ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамоне ки бо фиреби ҳила гумроҳ мекунанд,
15
балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз сӯи Он ки Сар аст, яъне сӯи Масеҳ нашъунамо кунем.
16
Аз Ӯ тамоми бадан ба воситаи ҳар гуна пайвандҳои нигоҳдоранда мустаҳкам ва пайваст шуда, ба андозаи амали ҳар як узв нашъунамо меёбад, то худро дар муҳаббат обод кунад.
17
Пас инро мегӯям ва дар Худованд гувоҳӣ медиҳам, ки шумо акнун он гуна рафтор накунед, ки халқҳои дигар аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд.
18
Ба сабаби нодонӣ ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст, ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд.
19
Онҳо беҳис шуда, ба бадахлоқӣ дода шудаанд, ба тавре ки ҳар кори нопокро ҳарисона ба ҷо меоваранд.
20
Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтаед,
21
дар ҳоле ки Ӯро шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, аз рӯи ростие ки дар Исо аст,
22
пас, аз ҷиҳати рафтори пештара одами кӯҳнаро, ки дар майлҳои дилфиреб вайрон мешавад, аз худ бадар кунед,
23
ва дар рӯҳи хиради худ нав шавед,
24
ва одами навро, ки ба сурати Худо дар росткорӣ ва муқаддасии ҳақиқӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
25
Бинобар ин, дурӯғро аз худ бадар карда, “ҳар яке ба ёри худ рост гӯед”, чунки мо узвҳои якдигарем.
26
Агар хашмгин шуда бошед, гуноҳ накунед ва нагузоред, ки хашми шумо то ғуруби офтоб боқӣ монад;
27
ва ба иблис ҷой надиҳед.
28
Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бахшад.
29
Ҳеҷ як сухани бад аз даҳонатон набарояд, балки танҳо сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷ барои обод кардан бошад, то ба шунавандагонаш файз бахшад.
30
Ва Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он ба /интизори/ рӯзи халосӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед.
31
Ҳар гуна талхӣ ва хашм ва ғазаб ва фарёд ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар гуна бадӣ дур шавад;
32
балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро бахшед, чунон ки Худо низ шуморо дар Масеҳ бахшидааст.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6