bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Ephesians 6
Ephesians 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
1
Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ин аз рӯи инсоф аст.
2
“Падару модари худро эҳтиром намо”, ин аст фармудаи аввалин бо ваъда:
3
“то некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ”.
4
Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро бо таълимот ва тарбияти Худованд калон кунед. Ғуломон ва хоҷагон
5
Эй ғуломон, ба хоҷагони заминии худ бо тарсу ларз ва бо содадилӣ, монанди он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед,
6
на бо хизмати зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки хости Худоро аз таҳти дил ба ҷо меоваранд.
7
Ғайратмандона бандагӣ намоед, монанди он ки ба Худованд бошад, на ба одамон,
8
зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд подош мегирад.
9
Ва шумо, эй хоҷагон, ба онҳо низ ҳамин гуна амал кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва донед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Хоҷае ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад.
10
Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ устувор шавед.
11
Аслиҳаи томи Худоро дар бар кунед, то бар зидди ҳилаҳои иблис истодагарӣ намуда тавонед.
12
Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарвариҳо, бар зидди қудратҳо, бар зидди ҷаҳондорони ин давраи торик аст, бар зидди қувваҳои рӯҳонии бадӣ дар ҷойҳои осмонӣ.
13
Бинобар ин, аслиҳаи томи Худоро гиред, то дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагарӣ карда тавонед.
14
Пас, бо ҳақиқат камар баста ва ҷавшани росткориро дар бар карда, истед,
15
ва пойафзоли омодагиро барои расондани Инҷили осоиш ба пои худ пӯшед,
16
дар айни ҳол сипари имонро гиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед;
17
ва хӯди наҷотро гиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост;
18
дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва барои ҳамин бедор бошед, бо ҳар пойдорӣ ва илтимос барои ҳамаи муқаддасон,
19
барои ман низ /дуо гӯед/, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри Инҷилро бо ҷуръат баён намоям,
20
ки барои он ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то далерона ва ба таври даркорӣ сухан гӯям.
21
Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям огоҳ шавед, Тихиқус, ки бародари азиз ва хизматгузори бовафо дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор мекунад,
22
ки ӯро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ӯ дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад.
23
Бародаронро осоиш ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Падар ва Худованд Исои Масеҳ бод.
24
Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати намиранда доранд, файз бод, омин.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
All chapters:
1
2
3
4
5
6