bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Galatians 1
Galatians 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
1
Павлус, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод расул аст, балки ба воситаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон бархезондааст,
2
ва ҳамаи бародароне ки бо мананд, ба ҷамоатҳои Ғалотия:
3
файз ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод,
4
ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то моро аз давраи бади ҳозира, мувофиқи хости Худо, Падари мо, халос кунад,
5
ки Ӯро то абад ҷалол бод, омин.
6
Ҳайронам, ки ба ин зудӣ шумо аз Он ки шуморо ба воситаи файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба Инҷили дигаре мегузаред,
7
ки он на дигарест, балки фақат баъзе касон ҳастанд, ки шуморо саргаранг мекунанд ва Инҷили Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд.
8
Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо мавъиза кунад, лаънатӣ бод.
9
Чунон ки мо пештар гуфта будем, акнун низ боз мегӯям: агар касе Инҷиле бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо мавъиза кунад, лаънатӣ бод.
10
Оё ман акнун ризоияти одамонро меҷӯям, ё ризоияти Худоро? Оё кӯшиш менамоям ба одамон писанд оям? Агар ман ҳанӯз ба одамон писанд омадан мехостам, бандаи Масеҳ намебудам.
11
Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест;
12
зеро ман онро на аз одамизод қабул кардаам ё таълим гирифтаам, балки ба воситаи ваҳйи Исои Масеҳ.
13
Зеро шумо дар бораи рафтори пештараи ман дар яҳудият шунидаед, ки ман ҷамоати Худоро бениҳоят таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам,
14
ва дар яҳудият дар қавми худ назар ба бисёр ҳамсолонам бештар комёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам бениҳоят ғайратманд будам.
15
Аммо ҳангоме Худо, ки маро аз шиками модарам ҷудо карда, бо файзи Худ даъват намудааст, хушнуд шуд,
16
ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то Ӯро дар миёни халқҳо башорат диҳам, ман он вақт бо ҷисму хун машварат накардам,
17
ва ба Уршалим назди онҳое ки пеш аз ман расул буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам.
18
Баъд, пас аз се сол, ба Уршалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рӯз назди ӯ истодам.
19
Аз расулон, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам.
20
Ва он чи ба шумо менависам, инак, пеши рӯи Худо, дурӯғ намегӯям.
21
Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Киликия равона шудам.
22
Аммо ҷамоатҳои Яҳудия, ки дар Масеҳ ҳастанд, маро шахсан намешинохтанд,
23
балки фақат шунида буданд, ки “ҳамон шахсе ки як вақте моро таъқиб менамуд, акнун имонеро башорат медиҳад, ки пештар онро нобуд мекард”.
24
Ва Худоро ба хотири ман ситоиш мекарданд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6