bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Galatians 6
Galatians 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
1
Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи ҳалимӣ ислоҳ кунед; ва аз худ бохабар бош, ки мабодо ба озмоиш дучор шавӣ.
2
Борҳои якдигарро бардоред, ва ҳамин тавр шариати Масеҳро ба ҷо оваред.
3
Зеро агар касе худро чизе ҳисоб кунад, дар ҳоле ки ҳеҷ бошад, худро фиреб медиҳад.
4
Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ танҳо дар худ фахр дорад, на дар дигаре;
5
зеро ҳар кас бори худро мебардорад.
6
Он ки дар калом таълим меёбад, бигзор муаллими худро дар ҳамаи чизҳои хуб шарик созад.
7
Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро масхара кунанд. Зеро он чи одамизод мекорад, ҳамонро медаравад.
8
Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фасодро медаравад, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти абадиро медаравад.
9
Ва аз некӣ кардан хаста нашавем; зеро дар вақташ медаравем, агар сустӣ накунем.
10
Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, хусусан ба аҳли байти имон.
11
Бинед, бо чӣ гуна ҳарфҳои калон ба шумо бо дасти худ навиштаам.
12
Онҳое ки дар ҷисм фахр кардан мехоҳанд, шуморо ба хатна шудан водор менамоянд, танҳо барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд.
13
Зеро худи хатнакунандагон низ шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳанд, ки шумо хатна шавед, то бо ҷисми шумо фахр кунанд.
14
Ва чунин мабод, ки ман фахр кунам, ҷуз бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман ба салиб кашида шудааст, ва ман барои ҷаҳон.
15
Зеро дар Масеҳ Исо на хатна аҳамияте дорад ва на бехатнагӣ, балки офариниши нав.
16
Ва онҳое ки мувофиқи ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиш ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо!
17
Минбаъд бигзор ҳеҷ кас маро азоб надиҳад, зеро ман дар бадани худ доғҳои Худованд Исоро дорам.
18
Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод, эй бародарон. Омин.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
All chapters:
1
2
3
4
5
6