bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Galatians 4
Galatians 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
1
Аммо мегӯям: то даме ки ворис кӯдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки хоҷаи ҳама чиз аст;
2
балки зери дасти парасторон ва вакилон аст, то мӯҳлате ки падараш муайян намудааст.
3
Ҳамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи қоидаҳои ҷаҳон будем;
4
вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери шариат буд,
5
то онҳоеро, ки зери шариат буданд, бозхарад, то ба писарӣ қабул шавем.
6
Ва азбаски шумо писарон ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад: “Або, Падар!”
7
Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, ба воситаи Масеҳ вориси Худо низ ҳастӣ.
8
Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, бандаи онҳое будед, ки аслан худоён набуданд;
9
аммо акнун, ки Худоро мешиносед, ё беҳтар гӯем, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна боз сӯи он қоидаҳои нотавону беарзиш баргашта, аз нав бандаи онҳо будан мехоҳед?
10
Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед.
11
Барои шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам.
12
Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки монанди ман бошед, чунки ман ҳам монанди шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед.
13
Шумо медонед, ки ман бори аввал дар сустии ҷисм ба шумо башорат додам;
14
ва шумо озмоиши маро дар ҷисмам хор нашумурдед ва аз он нафрат накардед, балки маро чунон пазироӣ намудед, ки фариштаи Худо ё Масеҳ Исо бошам.
15
Пас чӣ буд он хушбахтии шумо? Зеро ба шумо гувоҳӣ медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед.
16
Оё акнун, чун ҳақиқатро ба шумо мегӯям, душманатон шудаам?
17
Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо /аз мо/ ҷудо кардан мехоҳанд, то шумо барои онҳо ғайрат кунед.
18
Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам.
19
Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, то даме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад!
20
Хоҳиш доштам, ки акнун назди шумо бошам ва овози худро тағйир диҳам, зеро аз шумо ҳайрон мондаам.
21
Шумо, ки мехоҳед зери шариат бошед, ба ман гӯед, ки оё ба шариат гӯш намеандозед?
22
Зеро навишта шудааст, ки Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод.
23
Лекин он ки аз каниз буд, аз рӯи ҷисм таваллуд шудааст, ва он ки аз зани озод буд, мувофиқи ваъда.
24
Ин маҷоз аст, зеро ин ду аҳд аст: яке аз кӯҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст,
25
зеро Ҳоҷар кӯҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Уршалими ҳозира мувофиқ меояд, ва он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад;
26
аммо Уршалими боло озод аст, ки он модари ҳамаи мост;
27
зеро навишта шудааст: “Шод бош, эй нозой, ки намезоӣ; Хурсандӣ ва нидо кун, ки дарди зоиш намекашӣ; Зеро фарзандони зани бекас назар ба шавҳардор бештаранд”.
28
Вале мо, эй бародарон, монанди Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем.
29
Аммо чунон ки он вақт аз рӯи ҷисм таваллудшуда аз рӯи Рӯҳ таваллудшударо таъқиб мекард, акнун низ чунин аст.
30
Аммо Китоб чӣ мегӯяд? “Каниз ва писари ӯро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос намегирад”.
31
Пас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6