bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Galatians 3
Galatians 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 4 →
1
Эй ғалотиёни бефаҳм! Кӣ шуморо афсун кард, то аз ростӣ сар тобед, дар ҳоле ки пеши чашмони шумо Исои Масеҳи ба салиб кашидашуда тасвир ёфтааст?
2
Танҳо инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё Рӯҳро аз корҳои шариат қабул кардаед, ё аз мавъизаи имон?
3
Оё он қадар нофаҳм ҳастед, ки бо Рӯҳ сар карда, акнун бо ҷисм анҷом медиҳед?
4
Оё беҳуда ин қадар заҳмат кашидаед? Магар ин ки ба ростӣ беҳуда бошад!
5
Пас, Он ки Рӯҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо муъҷизаҳо ба амал меоварад, оё инро ба воситаи корҳои шариат мекунад ё ба воситаи мавъизаи имон?
6
Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд.
7
Пас донед, ки аҳли имон писарони Иброҳиманд.
8
Ва Китоб чун пештар дид, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: “Дар ту ҳамаи халқҳо баракат меёбанд”.
9
Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат меёбанд.
10
Лекин тамоми аҳли корҳои шариат зери лаънат мебошанд; зеро навишта шудааст: “Лаънатӣ аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо ҳамеша ба ҷо намеоварад”.
11
Ва равшан аст, ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат назди Худо сафед намешавад, чунки “росткор бо имон зиндагӣ мекунад”.
12
Аммо шариат аз имон нест, балки “одам онҳоро ба ҷо оварда, бо онҳо зиндагӣ мекунад”.
13
Масеҳ моро аз лаънати шариат бозхарида, барои мо лаънат гардид, — зеро навишта шудааст: “Лаънатӣ аст ҳар кӣ ба дор овехта шудааст”, —
14
то баракати Иброҳим ба воситаи Масеҳ Исо ба халқҳо насиб шавад, то ваъдаи Рӯҳро ба воситаи имон пайдо кунем.
15
Эй бародарон! Ба таври одамӣ сухан мегӯям: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас аз эътибор берун намекунад ва чизе ба он илова наменамояд.
16
Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудаанд. Нагуфтааст: “ва ба наслҳо”, гӯё дар бораи бисёре, балки дар бораи яке: “ва ба Насли ту”, ки он Масеҳ аст.
17
Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ бастааст, шариат, ки пас аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, аз эътибор берун намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.
18
Зеро, агар мерос аз рӯи шариат бошад, он дигар аз рӯи ваъда нест; аммо Худо онро аз рӯи ваъда ба Иброҳим ато намудааст.
19
Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз сабаби хатокориҳо дода шудааст, то вақти омадани Насле ки ваъда ба Ӯ дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармуда шудааст.
20
Аммо миёнарав барои як кас намешавад, вале Худо як аст.
21
Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ҳеҷ гоҳ! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки ҳаёт бахшида тавонад, росткорӣ ҳақиқатан аз шариат мебуд.
22
Аммо Китоб ҳама чизро зери банди гуноҳ донистааст, то ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.
23
Аммо пеш аз омадани имон зери посбонии шариат нигоҳ дошта мешудем, то даме ки имон бояд ошкор мешуд.
24
Пас, шариат тарбиятгари мо гардид, то моро ба Масеҳ расонад, то ба воситаи имон сафед шавем.
25
ммо ҳангоме ки имон омад, мо дигар зери дасти тарбиятгар нестем.
26
Зеро ҳамаи шумо ба воситаи имон дар Масеҳ Исо писарони Худоед;
27
зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед.
28
Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ҳамаи шумо дар Масеҳ Исо як ҳастед.
29
Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ва мувофиқи ваъда ворисонед.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6