bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Galatians 2
Galatians 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
1
Баъд ман пас аз чордаҳ сол бо Барнаббо боз ба Уршалим рафтам, Титусро низ бо худ бурдам.
2
Ба он ҷо аз рӯи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахсоне ки соҳибэътибор буданд, он Инҷилро, ки дар миёни халқҳо мавъиза мекунам, баён кардам: мабодо беҳуда давам ё давида бошам.
3
Аммо Титус низ, ки ҳамроҳи ман буд, бо вуҷуди юнонӣ буданаш, маҷбур нашуд, ки хатна карда шавад,
4
агарчи бародарони дурӯғин ба миёни мо сар дароварда, барои дидани озодие ки мо дар Масеҳ Исо дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то моро ғулом гардонанд:
5
Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва фармонбардор нашудем, то ростии Инҷил назди шумо монад.
6
Ва онҳое ки соҳибэътибор буданд, — барои ман фарқе надорад, ки онҳо чӣ касоне буданд: Худо ба рӯи кас нигоҳ намекунад, — ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд;
7
балки, баръакс, чун диданд, ки башорат барои бехатнагон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои аҳли хатна ба Петрус, —
8
зеро Он ки ба Петрус дар вазифаи расулӣ назди аҳли хатна мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст, —
9
ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки ҳамчун сутунҳои /ҷамоат/ эътибор доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, огоҳӣ ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то мо назди халқҳо равем, ва онҳо назди аҳли хатна;
10
фақат ин ки мо бенавоёнро дар хотир нигоҳ дорем, ва ман ғайрат кардам, ки маҳз ҳаминро ба ҷо оварам.
11
Аммо ҳангоме ки Петрус ба Антокия омад, ман шахсан ба ӯ мухолифат кардам, чунки ӯ айбдор буд.
12
Зеро, пеш аз он ки баъзе касон аз ҷониби Яъқуб биёянд, ӯ бо ғайрияҳудиён хӯрок мехӯрд; лекин вақте ки онҳо омаданд, аз тарси аҳли хатна худро дур кашид ва канорагирӣ кард.
13
Бо ӯ яҳудиёни дигар ҳам дурӯягӣ карданд, ба тавре ки Барнаббо низ гирифтори дурӯягии онҳо шуд.
14
Аммо чун дидам, ки онҳо мувофиқи ростии Инҷил рафтори рост намекунанд, дар назди ҳама ба Петрус гуфтам: “Агар ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, чун ғайрияҳудиён ва на чун яҳудиён зиндагӣ мекунӣ, чаро ғайрияҳудиёнро маҷбур менамоӣ, ки чун яҳудиён рафтор кунанд?
15
Мо табиатан яҳудӣ ҳастем ва на гуноҳкорони ғайрияҳудӣ;
16
лекин, чун донистем, ки одамизод на бо корҳои шариат сафед мешавад, балки бо имон ба Исои Масеҳ, мо низ ба Масеҳ Исо имон овардем, то бо имон ба Масеҳ сафед шавем ва на бо корҳои шариат; зеро бо корҳои шариат ҳеҷ ҷисме сафед намешавад.
17
Аммо агар дар Масеҳ сафед шудан хоста, худамон ҳам гуноҳкор бароем, — наход ки Масеҳ хизматгузори гуноҳ бошад? Ҳеҷ гоҳ!
18
Зеро, агар он чиро, ки хароб кардаам, аз нав бино кунам, худро хатокор мегардонам.
19
Зеро ман ба воситаи шариат барои шариат мурдаам, то барои Худо зиндагӣ кунам.
20
Бо Масеҳ ба салиб кашида шудаам; вале зиндагӣ мекунам, ва акнун на ман, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва зиндагие ки акнун дар ҷисм мекунам, бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман дод.
21
Файзи Худоро инкор намекунам; зеро, агар росткорӣ ба воситаи шариат бошад, Масеҳ беҳуда мурдааст”.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6