bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Galatians 5
Galatians 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
1
Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.
2
Инак, ман, Павлус, ба шумо мегӯям: агар хатна мешуда бошед, Масеҳ ба шумо ҳеҷ фоида намебахшад.
3
Ва ман боз ба ҳар каси хатнашаванда гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад.
4
Шумо, ки худро бо шариат сафед мекунед, аз Масеҳ ҷудо шудаед, аз файз маҳрум гардидаед.
5
Зеро мо дар Рӯҳ аз имон мунтазири умеди росткорӣ ҳастем.
6
Зеро дар Масеҳ Исо на хатна аҳамият дорад ва на бехатнагӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.
7
Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт?
8
Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест.
9
Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад.
10
Ман ба шумо дар Худованд эътимод дорам, ки ҳеҷ фикри дигаре надоред, ва касе ки шуморо саргаранг мекунад, ҳар кӣ бошад ҳам, маҳкум мешавад.
11
Валекин, эй бародарон, агар ман ҳанӯз хатнаро мавъиза мекарда бошам, чаро то ҳол гирифтори таъқибот мешавам? Он гоҳ норозигӣ аз салиб дигар намебуд!
12
Кошки онҳое ки шуморо саргаранг мекунанд, ахта мешуданд!
13
Зеро шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, аммо озодӣ баҳонае барои /ҳавасҳои/ ҷисм нашавад, балки бо муҳаббат бандаи якдигар бошед.
14
Зеро тамоми шариат аз як сухан иборат аст, яъне: “Ёратро монанди худат дӯст дор”.
15
Аммо агар шумо якдигарро газида, мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед.
16
Вале ман мегӯям: дар Рӯҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал намеоваред.
17
Зеро ҷисм хилофи Рӯҳро хоҳон аст, ва Рӯҳ хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед.
18
Лекин агар роҳнамоятон Рӯҳ бошад, зери шариат нестед.
19
Корҳои ҷисм маълуманд, ки инҳоянд: зино, фосиқӣ, нопокӣ, бадахлоқӣ,
20
бутпарастӣ, ҷодугарӣ, душманӣ, ҷанҷол, рашк, хашм, худхоҳӣ, ихтилофот, бидъатҳо,
21
ҳасад, одамкушӣ, бадмастӣ, айшу ишрат ва монанди ин; шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Подшоҳии Худоро мерос намегиранд.
22
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодӣ, осоиш, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некӯӣ, вафодорӣ, ҳалимӣ, худдорӣ.
23
Ба инҳо ҳеҷ шариате муқобил нест.
24
Лекин онҳое ки аз они Масеҳ мебошанд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш ба салиб кашидаанд.
25
Агар мо дар Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд дар Рӯҳ рафтор ҳам кунем:
26
Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабӣ накунем, ба якдигар ҳасад набарем.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6