bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joshua 1
Joshua 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 2 →
1
Ва баъд аз вафоти Мусо, бандаи Худованд, чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун, хизматгузори Мусо, сухан ронда, гуфт:
2
«Мусо, бандаи Ман, вафот ёфт; ва алҳол бархоста, аз ин рӯди Урдун убур намо, ту ва тамоми ин қавм, ба замине ки Ман ба онҳо, ба банӣ‐Исроил, медиҳам.
3
Ҳар ҷоеро, ки кафи пои шумо бар он гузошта шавад, ба шумо медиҳам, чунон ки ба Мусо гуфтаам.
4
Аз биёбон ва ин Лубнон то наҳри бузург, ки наҳри Фурот бошад, тамоми замини ҳиттиён то баҳри Бузург, ки ғурубгоҳи офтоб аст, ҳудуди шумо хоҳад буд.
5
Ҳеҷ кас дар тамоми айёми умрат қодир нахоҳад буд, ки пеши ту истодагӣ намояд; чунон ки бо Мусо будам, бо ту низ хоҳам буд; туро бемаҷол нахоҳам гардонид ва тарк нахоҳам кард.
6
Кавӣ ва далер бош, зеро ки ту ба тасарруфи ин қавм заминеро хоҳӣ даровард, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам.
7
Фақат қавӣ ва далер бош, то ки бо риояти дурусти тамоми шариате ки Мусо, бандаи Ман, ба ту амр фармудааст, амал намоӣ; аз он ба тарафи рост ё чап дур нашав, то ба ҳар ҷое ки меравӣ, муваффақият ба даст оварӣ.
8
Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комьёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард.
9
Ман, охир, ба ту чунин амр фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст».
10
Ва Еҳушаъ ба нозирони қавм амр фармуда, гуфт:
11
«Андаруни ӯрдугоҳ давр занед, ва ба қавм амр фармуда, бигӯед: „Барои худ тӯша муҳайё кунед, зеро ки баъд аз се рӯз шумо аз ин Урдун хоҳед гузашт, то ки рафта, заминеро ба тасарруфи худ дароваред, ки Худованд Худои шумо ба шумо барои тасарруф намудан медиҳад“».
12
Ва Еҳушаъ ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше сухан ронда, гуфт:
13
«Ба ёд оваред он каломро, ки Мусо, бандаи Худованд, ба шумо амр фармуда, гуфтааст: „Худованд Худои шумо ба шумо оромӣ бахшид, ва ин заминро ба шумо дод“.
14
Занони шумо, кӯдакони шумо ва чорвои шумо бигзор дар замине ки Мусо ба шумо дар ин тарафи Урдун додааст, бимонанд, валекин шумо, ҳамаи мардони ҷангӣ, мусаллаҳ гардида, пешопеши бародарони худ убур намоед ва ба онҳо кӯмак расонед,
15
То даме ки Худованд ба бародарони шумо низ, мисли шумо, оромӣ бахшад, ва онҳо низ заминеро, ки Худованд Худои шумо ба онҳо медиҳад, тасарруф намоянд; ва он гоҳ шумо ба мулки худ, ба замине ки Мусо, бандаи Худованд, дар ин тарафи Урдун аз тулӯъгоҳи офтоб ба шумо додааст, баргашта, онро тасарруф хоҳед кард».
16
Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб дода, гуфтанд: «Ҳар амре ки ба мо бифармоӣ, ба ҷо хоҳем овард, ва ба ҳар куҷо, ки моро бифиристӣ, равона хоҳем шуд;
17
Чунон ки дар ҳар бобат ба Мусо гӯш додаем, ончунон ба ту гӯш хоҳем дод, фақат Худованд Худои ту бигзор бо ту бошад, чунон ки бо Мусо буд;
18
Ҳар касе ки ба фармони ту муқобилият намояд ва ба суханони ту дар ҳар чизе ки амр фармоӣ, гӯш надиҳад, кушта хоҳад шуд; фақат қавӣ ва далер бош».
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24