bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joshua 24
Joshua 24
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
1
Ва Еҳушаъ ҳамаи сибтҳои Исроилро дар Шакем ҷамъ кард, ва пирони Исроил, раисон, доварон ва нозирони онҳоро даъват намуд, ва онҳо ба хузури Худо истоданд.
2
Ва Еҳушаъ ба тамоми қавм гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Падарони шумо, яъне Тораҳ падари Иброҳим ва падари Ноҳӯр, аз қадимулайём дар он тарафи наҳр сокин буданд ва худоёни дигарро ибодат мекарданд.
3
Вале Ман падаратон Иброҳимро аз он тарафи наҳр гирифтам, ва ӯро дар тамоми замини Канъон гардонидам, ва насли ӯро афзун кардам, ва Исҳоқро ба ӯ додам.
4
Ва Яъқуб ва Эсовро ба Исҳоқ додам; ва кӯҳи Сеирро ба Эсов додам, то ки онро ба тасарруфи худ дароварад; ва Яъқуб ва писаронаш ба Миср фурӯд омаданд.
5
Ва Мусо ва Ҳорунро фиристода, Мисрро бо он чи андаруни вай ба амал овардам, зарба задам, ва баъд аз он шуморо берун овардам.
6
Ва падарони шуморо аз Миср берун овардам, ва шумо сӯи баҳр омадед; ва мисриён бо аробаҳо ва саворон падарони шуморо то баҳри Қулзум таъқиб карданд.
7
Ва сӯи Худованд истиғоса бурдед, Ӯ дар миёни шумо ва мисриён торикӣ гузошт, ва баҳрро бар онҳо равона карда, онҳоро пӯшонид, ва чашмони шумо он чиро, ки дар Миср кардам, дидааст; ва айёми зиёде дар биёбон сокин будед.
8
Ва шуморо ба замини амӯриён, ки дар он тарафи Урдун сокин буданд, овардам, ва онҳо бо шумо ҷанг карданд; вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ даровардед, ва Ман онҳоро аз пеши шумо маҳв намудам.
9
Ва Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, бархоста, бо Исроил ҷанг кард, ва фиристода, Билъом ибни Баӯрро даъват намуд, то ки ба шумо лаънат гӯяд.
10
Вале Ман нахостам Билъомро бишнавам, ва ӯ шуморо баракат дод, ва Ман шуморо аз дасти ӯ раҳо кардам.
11
Ва шумо аз Урдун гузашта, назди Ериҳӯ омадед, ва сокинони Ериҳӯ, амӯриён, фариззиён, канъониён, ҳиттиён, ҷирҷошиён, ҳиввиён ва ябусиён бо шумо ҷанг карданд, вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам.
12
Ва занбӯри алоро пешопеши шумо фиристода, онҳоро, яъне ду подшоҳи амӯриро аз пеши шумо бадар рондам, — на бо шамшери шумо ва на бо камони шумо.
13
Ва заминеро, ки дар он меҳнат накардаед, ва шаҳрҳоеро, ки бино нанамудаед, ба шумо додам, ва шумо дар онҳо сокин мебошед; аз токҳо ва дарахтони зайтуне ки шумо нашинондаед, мева мехӯред“.
14
Ва алҳол аз Худованд битарсед ва Ӯро бо самимият ва ростӣ ибодат намоед ва худоёнеро, ки падаронатон дар он тарафи наҳр ва дар Миср ибодат намудаанд, аз худ дур карда, Худовандро ибодат намоед.
15
Ва агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд: оё худоёнеро, ки падарони шумо дар он тарафи наҳр ибодат мекарданд, ё худоёни амӯриёнро, ки дар заминашон сукунат доред; валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард».
16
Ва қавм ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳошо ва калло, ки мо Худовандро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намоем!
17
Зеро ки Худованд Худои мост, ки Ӯ мо ва падарони моро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, ва ин аломати бузургро дар пеши назари мо нишон дод, ва моро дар тамоми роҳе ки рафтем, ва андаруни ҳамаи қавмҳое ки аз миёнашон гузаштем, нигаҳбонӣ намуд.
18
Ва Худованд ҳамаи қавмҳо ва амӯриёнро, ки дар ин замин сокин буданд, аз пеши мо бадар ронд; мо низ Худовандро ибодат хоҳем кард, зеро ки Ӯ Худои мост».
19
Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.
20
Агар шумо Худовандро тарк карда, худоёни бегонаро ибодат намоед, Ӯ гашт карда ва ба шумо осеб расонида, агарчи пеш аз ин ба шумо некӣ кардааст, шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид».
21
Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Не, мо Худовандро ибодат хоҳем намуд».
22
Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо бар худ шоҳид ҳастед, ки Худовандро барои худ интихоб кардаед, то ки Ӯро ибодат намоед». Ва онҳо гуфтанд: «Шоҳид ҳастем».
23
«Ва алҳол худоёни бегонаро, ки дар миёни шумо ҳастанд, дур кунед ва дили худро ба Худованд Худои Исроил моил гардонед».
24
Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Худованд Худои худро ибодат хоҳем намуд ва овози Ӯро хоҳем шунид».
25
Ва Еҳушаъ дар он рӯз бо қавм аҳд баст ва барои онҳо дар Шакем фароиз ва шариат қарор дод.
26
Ва Еҳушаъ ин суханонро дар китоби шариати Худо навишт; ва санги бузурге гирифта, онро дар он ҷо зери булуте ки назди қудси Худованд буд, гузошт.
27
Ва Еҳушаъ ба тамоми қавм гуфт: «Инак, ин санг барои мо шоҳид хоҳад буд, зеро ки он ҳамаи суханони Худовандро, ки ба мо гуфт, шунидааст; ва он ба муқобили шумо шоҳид хоҳад буд, агар Худои худро инкор намоед».
28
Ва Еҳушаъ қавмро фиристод, то ҳар яке ба мулки худ равона шаванд.
29
Ва баъд аз ин ҳодисаҳо Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.
30
Ва ӯро дар худуди мулкаш, дар Тимнат‐Сораҳ, ки дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш мебошад, дафн карданд.
31
Ва Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонистанд, Худовандро ибодат намуданд.
32
Ва устухонҳои Юсуфро, ки банӣ‐Исроил аз Миср бароварда буданд, дар Шакем дар қитъаи замине ки Яъқуб аз банӣ‐Ҳамӯр падари Шакем ба сад сикка харида буд, дафн карданд; ва он мулки банӣ‐Юсуф гардид.
33
Ва Элъозор ибни Ҳорун вафот ёфт, ва ӯро бар тали писараш Финҳос, ки дар кӯҳи Эфроим ба ӯ дода шуда буд, дафн карданд.
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24