bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joshua 21
Joshua 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 22 →
1
Ва сарнаслҳои левизодагон назди Элъозори коҳин ва назди Еҳушаъ ибни Нун ва назди сарнаслҳои хонадонҳои банӣ‐Исроил омаданд,
2
Ва ба онҳо дар Шилӯ, дар замини Канъон, сухан ронда, гуфтанд: «Худованд ба воситаи Мусо амр фармудааст, ки ба мо шаҳрҳо барои истиқомат, ва ҳаволии онҳо барои чорпоёни мо дода шавад».
3
Ва банӣ‐Исроил, мувофиқи амри Худованд, аз мулки худ ин шаҳрҳоро бо ҳаволии онҳо ба левизодагон доданд.
4
Ва қуръа барои қабилаҳои қаҳотиён баромад; ва барои писарони Ҳоруни коҳин, ки аз левизодагон буданд, аз хонадони Яҳудо ва аз хонадони Шимъӯн ва аз хонадони Биньёмин, мувофиқи қуръа, сездаҳ шаҳр расид.
5
Ва барои бақияи писарони Қаҳот аз қабилаҳои хонадони Эфроим ва аз хонадони Дон ва аз нисфи хонадони Менашше, мувофиқи куръа, даҳ шаҳр расид.
6
Ва барои писарони Ҷершӯн аз қабилаҳои хонадони Иссокор ва аз хонадони Ошер ва аз хонадони Нафтолӣ ва аз нисфи хонадони Менашше дар Бошон, мувофиқи қуръа, сездаҳ шаҳр расид.
7
Барои писарони Марорӣ, мувофиқи қабилаҳои онҳо, аз хонадони Реубен ва аз хонадони Ҷод ва аз хонадони Забулун дувоздаҳ шаҳр расид.
8
Ва банӣ‐Исроил ба левизодагон ин шаҳрҳоро бо ҳаволии онҳо мувофиқи қуръа доданд, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо фармуда буд.
9
Ва аз хонадони банӣ‐Яҳудо ва аз хонадони банӣ‐Шимъӯн ин шаҳрҳоро, ки ном бурда шудааст, доданд;
10
Ва инҳо ба писарони Ҳорун, ки аз қабилаҳои қаҳотиён, аз банӣ‐Левӣ буданд, расид, зеро ки қуръаи аввалин аз они онҳо шуд;
11
Ва падари аноқиён Қирьят‐Арбаъро, ки Ҳебрӯн бошад, дар кӯҳи Яҳудо бо ҳаволии гирду пеши он ба онҳо доданд.
12
Вале киштзори шаҳрро бо деҳоташ ба Колеб ибни Ефунне барои моликият доданд.
13
Ва ба писарони Ҳоруни коҳин шаҳри гурезгоҳи қотил — Ҳебрӯнро бо ҳаволии он, ва Либноро бо ҳаволии он доданд,
14
Ва Яттиро бо ҳаволии он, ва Эштемӯаро бо ҳаволии он,
15
Ва Ҳӯлӯнро бо ҳаволии он, ва Дабирро бо ҳаволии он,
16
Ва Айинро бо ҳаволии он, ва Ютторо бо ҳаволии он, ва Байт‐Шемешро бо ҳаволии он, яъне нӯҳ шаҳрро аз ин ду сибт доданд.
17
Ва аз хонадони Биньёмин — Ҷибъӯнро бо ҳаволии он, Ҷобаъро бо ҳаволии он,
18
Анотӯтро бо ҳаволии он, Алмӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
19
Ҷамъи шаҳрҳои писарони Ҳоруни коҳин сездаҳ шаҳр бо ҳаволии он буд.
20
Ва барои қабилаҳои банӣ‐Қаҳот, яъне левизодагони дигаре ки аз банӣ‐Қаҳот буданд, шаҳрҳо мувофиқи қуръаи онҳо аз хонадони Эфроим буд.
21
Ба онҳо шаҳри гурезгоҳи қотил — Шакемро бо ҳаволии он дар кӯҳи Эфроим доданд; ва Ҷозарро бо ҳаволии он,
22
Ва Қибсаимро бо ҳаволии он, ва Байт‐Ҳӯрӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
23
Ва аз хонадони Дон — Элтақеро бо ҳаволии он, Ҷибтӯнро бо ҳаволии он,
24
Аёлӯнро бо ҳаволии он, Ҷат‐Риммӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
25
Ва аз нисфи хонадони Менашше — Таънокро бо ҳаволии он, ва Ҷат‐Риммӯнро бо ҳаволии он, яъне ду шаҳрро доданд.
26
Ҷамъ даҳ шаҳр бо ҳаволии онҳо барои қабилаҳои дигари банӣ‐Қаҳот буд.
27
Ва ба писарони Ҷершӯн, ки аз қабилаҳои левизодагон буданд, аз нисфи хонадони Менашше шаҳри гурезгоҳи қотил — Ҷӯлонро, ки дар Бошон буд, бо ҳаволии он, ва Беэштароро бо ҳаволии он, яъне ду шаҳрро доданд.
28
Ва аз хонадони Иссокор — Қишйӯнро бо ҳаволии он, Добратро бо ҳаволии он,
29
Ярмутро бо ҳаволии он, Эйн‐Ҷаннимро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
30
Ва аз хонадони Ошер — Мишъолро бо ҳаволии он, Абдӯнро бо ҳаволии он,
31
Ҳелқатро бо ҳаволии он, ва Раҳӯбро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
32
Ва аз хонадони Нафтолӣ — шаҳри гурезгоҳи қотил Қодешро дар Ҷалил бо ҳаволии он, ва Ҳаммӯт‐Дӯрро бо ҳаволии он, ва Қартонро бо ҳаволии он, яъне се шаҳрро доданд.
33
Ҷамъи шаҳрҳои ҷершӯниён мувофиқи қабилаҳои онҳо сездаҳ шаҳр бо ҳаволии онҳо буд.
34
Ва барои қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, ки аз левизодагони боқимонда буданд, аз хонадони Забулун Ёқнеомро бо ҳаволии он, Қарторо бо ҳаволии он,
35
Димноро бо ҳаволии он, Наҳалолро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
36
Ва аз хонадони Реубен шаҳри гурезгоҳи қотил Босарро дар биёбон бо ҳаволии он, ва Яҳсоро бо ҳаволии он,
37
Қадемӯтро бо ҳаволии он, ва Мефоатро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
38
Ва аз хонадони Ҷод шаҳри гурезгоҳи қотил Ромӯтро дар Ҷилъод бо ҳаволии он, ва Маҳаноимро бо ҳаволии он,
39
Ҳешбӯнро бо ҳаволии он, Яъзирро бо ҳаволии он, ҷамъ чор шаҳрро доданд.
40
Ҳамаи ин шаҳрҳо барои банӣ‐Марорӣ мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне барои онҳое буд, ки аз қабилаҳои левизодагон боқӣ монда буданд; ва аз рӯи қуръаи онҳо дувоздаҳ шаҳр баромад.
41
Ҳамаи шаҳрҳои левизодагон дар миёни мулки банӣ‐Исроил чилу ҳашт шаҳр бо ҳаволии онҳо буд.
42
Ин шаҳрҳо ҳар яке дар гирду пеши худ ҳаволӣ доштанд: вазъияти ҳамаи ин шаҳрҳо чунин буд.
43
Ва Худованд ба Исроил тамоми заминеро, ки қасам хӯрда буд ба падаронашон бидиҳад, дод, ва онҳо онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд.
44
Ва Худованд ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ дод, чунон ки ба падаронашон қасам хӯрда буд; ва касе аз ҳамаи душманонашон натавонист пеши онҳо истодагӣ кунад: ҳамаи душманони онҳоро Худованд ба дасташон супурд.
45
Аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд ба хонадони Исроил дода буд, сухане зоеъ нарафт: ҳамааш ба амал омад.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24