bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joshua 23
Joshua 23
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 24 →
1
Ва бо мурури айёми зиёд, баъд аз он ки Худованд ба Исроил аз ҳамаи душманони гирду пешашон оромӣ бахшид, Еҳушаъ пир ва солхӯрда гардид.
2
Ва Еҳушаъ тамоми Исроилро, яъне пирон, раисон, доварон ва нозирони онҳоро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Ман пир ва солхӯрда шудаам.
3
Ва шумо ҳар он чиро, ки Худованд Худои шумо ба ҳамаи ин халқҳо пеши шумо кардааст, дидаед, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо ҷангидааст.
4
Бубинед, ин халқҳоеро, ки боқӣ мондаанд, ва халқҳоеро, ки аз Урдун то баҳри бузург ба самти ғуруби офтоб маҳв намудаам, ман барои шумо бо қуръа тақсим кардам, то ки мулки сибтҳои шумо бошанд.
5
Ва Худованд Худои шумо Худаш онҳоро пеши шумо ба танг оварда, аз пеши шумо бадар хоҳад ронд, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ хоҳед даровард, чунон ки Худованд Худои шумо ба шумо гуфтааст.
6
Пас, бағоят қавӣ бошед, то ҳар он чиро, ки дар китоби шариати Мусо навишта шудааст, риоя намуда ба амал оваред, бе он ки аз он ба тарафи рост ё чап дур шавед,
7
То бо ин халқҳое ки дар миёни шумо боқӣ мондаанд, омезиш наёбед, ва исми худоёни онҳоро зикр карда қасам нахӯред, ва онҳоро ибодат нанамоед ва ба онҳо сачда набаред,
8
Балки ба Худованд Худои худ бичаспед, чунон ки то имрӯз амал кардаед.
9
Ва Худованд халқҳои бузург ва зӯроварро аз пеши шумо бадар рондааст, ва пеши шумо касе то имрӯз натавонистааст истодагӣ намояд.
10
Як нафар аз шумо ҳазор нафарро таъқиб менамояд, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо меҷангад, чунон ки ба шумо гуфтааст.
11
Ва аз хештан бағоят эҳтиёт бошед, то ки Худованд Худои худро дӯст доред.
12
Аммо агар рӯй тофта, ба бақияи ин халқҳое ки дар миёни шумо мондаанд, бичаспед, ва бо онҳо хешовандӣ пайдо кунед, ва назди онҳо биёед, ва онҳо назди шумо биёянд, —
13
Яқинан бидонед, ки Худованд Худои шумо ин халқҳоро дигар аз пеши шумо бадар нахоҳад ронд, ва онҳо барои шумо дом ва қуллоб, ва барои қабурғаҳои шумо тозиёна, ва барои чашмони шумо хор хоҳанд буд, то даме ки аз ин замини хуб, ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв гардед.
14
Ва инак, ман ба қарибӣ ба тариқи тамоми аҳли замин меравам, ва шумо бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз онҳо зоеъ нарафтааст.
15
Валекин, чунон ки ҳар қавлу ваъдае ки Худованд Худои шумо ба шумо дода буд, барои шумо ба амал омадааст, ончунон Худованд ҳар таҳдидро бар шумо иҷро хоҳад кард, то даме ки шуморо аз ин замини хубе ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв намояд.
16
Агар шумо аҳди Худованд Худои худро, ки ба шумо амр фармудааст, поймол кунед, ва рафта худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо сачда баред, дар он сурат хашми Худованд бар шумо аланга хоҳад гирифт, ва шумо аз замини хубе ки Ӯ ба шумо додааст, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд».
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24