bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joshua 11
Joshua 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 12 →
1
Ва ҳангоме ки Ёбин, подшоҳи Ҳосӯр, инро шунид, назди Юбоб, подшоҳи Модӯн, ва назди подшоҳи Шимрӯн, ва назди подшоҳи Акшоф фиристод,
2
Ва назди подшоҳоне ки ба тарафи шимол дар кӯҳистон ва дар саҳрои ҷануби Кинерӯт, ва дар пастӣ, ва дар Нофӯт‐Дӯр ба тарафи ғарб буданд;
3
Ва назди канъониён, ки ба тарафи шарқ ва ғарб буданд, ва назди амӯриён ва ҳиттиён ва фариззиён ва ябусиён, ки дар кӯҳистон буданд, ва назди ҳиввиён, ки ба зери Ҳермӯн дар замини Мисфо буданд.
4
Ва онҳо, ва бо онҳо ҳамаи лашкарҳошон, ки қавми сершумор буданд, ва дар сершуморӣ мисли реги лаби дарьё буданд, ва аспу аробаҳои бағоят бисьёр доштанд, берун омаданд.
5
Ва ҳамаи ин подшоҳон ҷамъ шуданд, ва омада, назди обҳои Мерӯм якҷоя ӯрду заданд, то ки бо Исроил ҷанг кунанд.
6
Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки фардо дар чунин вақт, Ман ҳамаи онҳоро барои торумор кардани Исроил хоҳам супурд; аспҳои онҳоро пай бикун, ва аробаҳои онҳоро ба оташ бисӯзон».
7
Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми қавми ҷанговар бо ӯ буданд, ногаҳон назди обҳои Мерӯм дар рӯ ба рӯи онҳо пайдо шуд, ва бар онҳо ҳуҷум карданд.
8
Ва Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурд, ва онҳоро зарба заданд, ва онҳоро то Сидӯн‐Рабба ва то Мисрефӯт‐Маим ва то водии Мисфо ба тарафи шарқ таъқиб карданд, ва онҳоро торумор сохтанд, ба дараҷае ки растагоре аз онҳо боқӣ намонд.
9
Ва Еҳушаъ ба онҳо ончунон амал намуд, ки Худованд ба ӯ гуфта буд: аспҳошонро пай кард ва аробаҳошонро ба оташ сӯзонид.
10
Ва Еҳушаъ дар айни замон баргашта, Ҳосӯрро забт намуд, ва подшоҳи онро бо шамшер кушт, зеро ки Ҳосӯр пештар сари ҳамаи ин мамлакатҳо буд.
11
Ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, ба дами шамшер кушта, несту нобуд карданд; як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд; ва Ҳосӯрро ба оташ сӯзонид.
12
Ва ҳамаи шаҳрҳои ин подшоҳонро Еҳушаъ забт намуд, ва ҳамаи подшоҳони онҳоро ба дами шамшер кушта, несту нобуд кард, чунон ки Мусо, бандаи Худованд, амр фармуда буд.
13
Аммо ҳамаи шаҳрҳои бар талҳо истодаро исроилиён насӯзониданд, ғайр аз Ҳосӯр, ки фақат онро Еҳушаъ сӯзонид.
14
Ва тамоми ғанимати ин шаҳрҳо ва чорпоёнро банӣ‐Исроил барои худ тороҷ карданд; фақат ҳамаи одамонро ба дами шамшер куштанд, то ба дараҷае ки онҳоро тамоман несту нобуд карда, як нафар ҳам боқӣ нагузоштанд.
15
Чунон ки Худованд ба бандаи Худ Мусо амр фармуда буд, ончунон Мусо ба Еҳушаъ амр фармуд, ва Еҳушаъ ончунон амал намуд: аз ҳар амре ки Худованд ба Мусо фармуда буд, чизеро ботил нанамуд.
16
Ва Еҳушаъ тамоми ин заминро: кӯҳистон ва тамоми ҷануб ва тамоми замини Ҷӯшан, ва пастӣ, ва саҳро, ва кӯҳи Исроил ва пастии онро гирифт:
17
Аз кӯҳи Ҳолок, ки сӯи Сеир баланд шуда меравад, то Баал‐Ҷод, ки дар водии Лубнон, зери кӯҳи Ҳермӯн аст; ва ҳамаи подшоҳони онҳоро дастгир намуда, зарба зад ва кушт.
18
Айёми дуру дароз Еҳушаъ бо ҳамаи ин подшоҳон ҷанг кард.
19
Шаҳре набуд, ки бо банӣ‐Исроил сулҳ баста бошад, ҷуз аз ҳиввиёне ки дар Ҷибъӯн сокин буданд; ҳамаро бо ҷанг гирифтанд.
20
Зеро аз ҷониби Худованд буд, ки дили онҳоро сахт кунад, то ки онҳо Исроилро бо ҷанг пешвоз гирифта, худашон несту нобуд шаванд, бе он ки нисбат ба онҳо шафқат нишон дода шавад, балки онҳоро тамоман маҳв созанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
21
Ва Еҳушаъ дар айни замон омада, аноқиёнро аз кӯҳистон: аз Ҳебрӯн, Дабир ва Аноб, ва аз ҳамаи кӯҳҳои Яҳудо, ва аз ҳамаи кӯҳҳои Исроил маҳв намуд; онҳоро Еҳушаъ бо якҷоягии шаҳрҳошон несту нобуд кард.
22
Дар замини банӣ‐Исроил касе аз аноқиён боқӣ намонд; фақат дар Ғазза, Ҷат ва Ашдӯд боқӣ монданд.
23
Ва Еҳушаъ тамоми заминро бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо гуфта буд, мусаххар намуд, ва Еҳушаъ онро ба исроилиён мувофиқи тақсимоти сибтҳошон ба моликият бахшид; ва замин аз ҷанг ором ёфт.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24