bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joshua 13
Joshua 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 14 →
1
Ва Еҳушаъ пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ту пир ва солхӯрда шудаӣ, ва ҳанӯз замини бағоят бисьёр барои тасарруф кардан боқист.
2
Ин аст замине ки боқӣ мондааст: ҳамаи ноҳияҳои фалиштиён ва ҳамаи ҷашуриён,
3
Аз Шиҳӯр, ки дар рӯ ба рӯи Миср аст, то сарҳади Эқрӯн ба самти шимол, ки аз они Канъон ба шумор меравад; панҷ ҳокими фалиштиён: аз они Ғазза, аз они Ашдӯд, аз они Ашқалӯн, аз они Ҷат, аз они Эқрӯн ва аз они аввиён;
4
Аз ҷануб тамоми замини канъониён, ва Маоро, ки аз они сидӯниён аст, то Афиқ ва то сарҳади амӯриён;
5
Ва кишвари Ҷабал, ва тамоми Лубнон ба самти тулӯи офтоб, аз Баал‐Ҷод, ки дар домани кӯҳи Ҳермӯн аст, то даромадгоҳи Ҳамот.
6
Ҳамаи сокинони кӯҳистонро аз Лубнон то Мисрефӯт‐Маим, яъне ҳамаи сидӯниёнро Ман аз пеши банӣ‐Исроил бадар хоҳам ронд; лекин ту онро ба исроилиён қуръа партофта барои моликият тақсим намо, чунон ки ба ту амр фармудаам.
7
Ва алҳол ин заминро ба нӯҳ сибт ва нисфи сибти Менашше барои моликият тақсим намо».
8
Бо нисфи дигари ин сибт сибтҳои Реубен ва Ҷод моликияти худро гирифтаанд: онро Мусо ба онҳо дар он тарафи Урдун, ба самти шарқ, додааст, чунон ки Мусо, бандаи Худованд, онро ба онҳо бахшида буд,
9
Аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт аз Мидбо то Дибӯн,
10
Ва ҳамаи шаҳрҳои Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, то сарҳади банӣ‐Аммӯн,
11
Ва Ҷилъод ва замини ҷашуриён ва маъхотиён ва тамоми кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми Бошон то Салхо;
12
Тамоми мамлакати Ӯҷи бошонӣ, ки дар Ашторӯт ва Эдрей подшоҳӣ мекард, — ӯ аз бақияи рафоиён буд, ва онҳоро Мусо зарба зада, бадар ронда буд.
13
Валекин банӣ‐Исроил ҷашуриён ва маъхогиёнро бадар наронданд; ва ҷашуриён ва маъхотиён то имрӯз дар миёни исроилиён сукунат доранд.
14
Фақат ба сибти Левӣ ӯ моликияте набахшид: қурбониҳои Худованд Худои Исроил моликияти ӯст, чунон ки ба ӯ гуфта буд.
15
Ва Мусо ба хонадони банӣ‐Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо дод,
16
Ва худуди онҳо аз Арӯэр буд, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт то Мидбо,
17
Ҳешбӯн ва ҳамаи шаҳрҳояш, ки дар дашт воқеъ аст: Дибӯн ва Бомӯт‐Баал ва Байт‐Баал‐Маӯн,
18
Ва Яҳсо ва Қадимӯт ва Мифоат,
19
Ва Қирьётоим ва Сибмо ва Сорат‐Шаҳар, ки дар кӯхи Эмак аст,
20
Ва Байт‐Фаӯр ва домани Фисҷа ва Байт‐Ешимӯт,
21
Ва ҳамаи шаҳрҳои дашт ва тамоми мамлакати Сихӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, ва Мусо ӯ ва раисони Мидьёнро: Эвӣ ва Роқам ва Сур ва Ҳур ва Робаъро, ки ин мирони Сиҳӯн дар он замин сокин буданд, маҳв намуда буд;
22
Ва Билъом ибни Баӯрро, ки ҷодугар буд, банӣ‐Исроил дар миёни куштагони худ кушта буданд.
23
Ва сарҳади банӣ‐Реубен Урдун ва ҳудуди он буд; ҳамин аст моликияти банӣ‐Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
24
Ва Мусо ба хонадони Ҷод, яъне ба банӣ‐Ҷод, мувофиқи қабилаҳои онҳо бахшид,
25
Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Яъзир ва ҳамаи шаҳрҳои Ҷилъод ва нисфи замини банӣ‐Аммӯн то Арӯэр, ки дар рӯ ба рӯи Рабба мебошад;
26
Ва аз Ҳешбӯн то Ромот‐Мисфо ва Батӯним, ва аз Маҳаноим то сарҳади Дабир;
27
Ва дар водӣ: Байт‐Ҳором ва Байт‐Нимро ва Суккӯт ва Софӯн, бақияи мамлакати Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, Урдун ва ҳудуди он, то канори баҳри Кинерет, дар он тарафи Урдун ба самти шарқ;
28
Ҳамин аст моликияти банӣ‐Ҷод мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
29
Ва Мусо ба нисфи сибти Менашше бахшид, ва ин барои нисфи хонадони банӣ‐Менашше мувофиқи қабилаҳои онҳо буд,
30
Ва ҳудуди онҳо чунин буд: аз Маҳаноим тамоми Бошон, тамоми мамлакати Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ва тамоми деҳоти Ёир, ки дар Бошон аст, шаст шаҳр.
31
Ва нисфи Ҷилъод, ва Ашторӯт ва Эдрей, шаҳрҳои мамлакати Ӯҷ дар Бошон, барои писарони Мокир ибни Менашше, барои нисфи банӣ‐Мокир мувофиқи қабилаҳон онҳо буд.
32
Ҳамин аст моликияте ки Мусо дар саҳрои Мӯоб, аз он тарафи Урдун назди Ериҳӯ ба самти шарқ бахшида буд.
33
Вале ба сибти Левӣ Мусо ҳеҷ мулке надодааст: Худованд Худои Исроил мулки онҳост, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфтааст.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24