bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joshua 18
Joshua 18
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 19 →
1
Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар Шилӯ ҷамъ шуда, дар он ҷо хаймаи ҷомеъро барқарор карданд; ва кишварро онҳо мусаххар карда буданд.
2
Ва дар миёни банӣ‐Исроил ҳафт сибт боқӣ монданд, ки ҳанӯз мулки худро тақсим накарда буданд.
3
Ва Еҳушаъ ба банӣ‐Исроил гуфт: «То ба кай шумо бепарвогӣ мекунед дар он ки рафта заминеро, ки Худованд Худои падаронатон ба шумо додааст, тасарруф намоед?
4
Аз ҷониби худ се нафарро аз ҳар сибт бидиҳед, то ки ман онҳоро бифиристам, ва онҳо бархоста, дар замин гардиш кунанд, ва онро бар тибқи тақсимоти мулкҳо тасвир намоянд, ва назди ман биёянд.
5
Бигзор онро ба ҳафт ҳисса тақсим кунанд; Яҳудо дар ҳудуди худ аз ҷануб хоҳад монд, ва хонадони Юсуф дар ҳудуди худ аз шимол хоҳанд монд.
6
Ва шумо ҳафт ҳиссаи заминро тасвир намуда, назди ман ба ин ҷо биёред, ва ман дар ин ҷо ба ҳузури Худованд Худои мо барои шумо қуръа хоҳам партофт.
7
Зеро ки левизодагон дар миёни шумо ҳиссае надоранд, чунки каҳонати Худованд насибаи онҳост; ва Ҷод ва Реубен ва нисфи сибти Менашше мулки худро аз он тарафи Урдун, яъне аз ҷониби шарқии он гирифтаанд, ки онро Мусо, бандаи Худованд, ба онҳо дода буд».
8
Ва он одамон бархоста рафтанд; ва Еҳушаъ ба онҳое ки барои тасвир кардани замин мерафтанд, амр фармуда, гуфт: «Рафта дар замин гардиш кунед ва онро тасвир намуда, назди ман баргардед, ва ман дар ин ҷо ба ҳузури Худованд, дар Шилӯ, барои шумо қуръа хоҳам партофт».
9
Ва он одамон рафта, заминро тай карданд ва онро бар тибқи шаҳрҳо ба ҳафт ҳисса дар дафтаре тасвир намуданд, ва назди Еҳушаъ ба бошишгоҳи Шилӯ омаданд.
10
Ва Еҳушаъ барои онҳо дар Шилӯ ба ҳузури Худованд қуръа партофт, ва дар он ҷо Еҳушаъ заминро ба банӣ‐Исроил бар тибқи тақсимоташон тақсим кард.
11
Ва қуръа барои хонадони банӣ‐Биньёмин мувофиқи қабилаҳои онҳо афтод, ва ҳудуди онҳо аз рӯи қуръа дар мобайни банӣ‐Яҳудо ва банӣ‐Юсуф баромад.
12
Ва сарҳади онҳо дар тарафи шимол аз Урдун буд, ва сарҳад аз шимол сӯи барҷастагии Ериҳӯ мебаромад, ва дар ғарб сӯи кӯҳистон боло мерафт, ва интиҳояш биёбони Байт‐Овин буд.
13
Ва аз он ҷо сарҳад сӯи Луз, яъне ба тарафи барҷастагии ҷанубии Луз, ки Байт‐Ил бошад, гузашта мерафт, ва сарҳад сӯи Атрӯт‐Аддор, ба тарафи кӯҳе ки аз ҷануби Байт‐Ҳӯрӯни поён воқеъ аст, фурӯд меомад.
14
Ва сарҳад дар тарафи ғарб аз кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи Байт‐Ҳӯрӯни ҷанубӣ воқеъ аст, давр зада мегашт, ва интиҳояш назди Қирьят‐Баал буд, ки Қирьят‐Еорим, шаҳри банӣ‐Яҳудо бошад; ин тарафи ғарбист.
15
Ва тарафи ҷанубӣ аз канори Қирьят‐Еорим буд; ва сарҳад ба самти ғарб мерафт, ва ба чашмаи обҳои Нефтӯҳа мерасид.
16
Ва сарҳад ба домани кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи дараи Бен‐Ҳиннӯм, дар шимоли водии Рафоим воқеъ аст, фурӯд меомад, ва ба дараи Ҳиннӯм сӯи барҷастагии ҷанубии ябусиён мерафт, ва ба Эйн‐Рӯҷил фурӯд меомад.
17
Ва аз шимол гашта, ба Эйн‐Шемеш мебаромад, ва сӯи Ҷалилӯт, ки дар рӯ ба рӯи Маале‐Адумим аст, мерафт, ва ба санги Бӯҳан, писари Реубен, фурӯд меомад.
18
Ва аз барҷастагии рӯ ба рӯи саҳро ба тарафи шимол гузашта, ба саҳро фурӯд меомад.
19
Ва сарҳад аз барҷастагии Байт‐Ҳоҷло ба тарафи шимол мегузашт, ва интиҳои сарҳад халиҷи шимолии баҳри Намак, дар интиҳои ҷанубии Урдун буд; ин сарҳади ҷанубист.
20
Ва ба тарафи шарқ Урдун сарҳади он буд; мулки банӣ‐Биньёмин бо сарҳадҳои он аз ҳар тараф, мувофиқи қабилаҳои онҳо, ҳамин буд.
21
Ва шаҳрҳои хонадони банӣ‐Биньёмин, мувофиқи қабилаҳои онҳо, инҳо буданд: Ериҳӯ, Байт‐Ҳоҷло ва Эмеқ‐Қасис,
22
Байт‐Аробо, Самораим ва Байт‐Ил,
23
Аввим, Форо ва Офро,
24
Кефар‐Аммӯно, Офнӣ ва Ҷабаъ, — дувоздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
25
Ҷибъӯн, Ромо ва Беэрӯт,
26
Мисфо, Кефиро ва Мӯссо,
27
Роқам, Ирпаил ва Таръало,
28
Селаъ, Олаф, Ябусӣ, ки Ерусалим бошад, Ҷибъат ва Қирьят, — чордаҳ шаҳр бо деҳоташон; ин аст мулки банӣ‐Биньёмин мувофиқи қабилаҳои онҳо.
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24