bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Mark 12
Mark 12
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
1
Баъд Исо ба мардум бо масалҳо гап заданро сар кард: «Марде токзоре бунёд карда, дар гирдаш девор сохт. Сипас, ҳавзчае барои фишурдани ангур тайёр кард ва як дидбонгоҳ сохт. Баъд токзорашро ба чанд нафар иҷора дода, ба кишвари дигар сафар кард.
2
Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор хизматгорашро назди токпарварон фиристод, то ки ҳаққи худро аз он токзор бигирад.
3
Вале онҳо он хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣ баргардонданд.
4
Соҳиби токзор хизматгори дигарро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, ҳақорат карданд.
5
Баъд боз хизматгори дигарро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёр хизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ё мезаданд ё мекуштанд.
6
Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро фиристод.
7
Вале токпарварон ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва соҳиби мерос мешавем!“
8
Сипас, ӯро дошта куштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд.
9
Акнун соҳиби токзор чӣ гуна рафтор мекунад? Баргашта он токпарваронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад.
10
Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид.
11
Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“».
12
Азбаски роҳбарони дин фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо буд, кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли Худ гузошта рафтанд.
13
Дертар чанд нафар аз фарисиён ва тарафдорони Ҳиродус ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд.
14
Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Ту ростқавл ҳастӣ ва ба фикри одамон эътибор надода, бе хушомадгӯйӣ роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ. Бигӯ, ки оё ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?»
15
Исо, ки аз дурӯягии онҳо бохабар буд, чунин гуфт: «Чаро мехоҳед Маро ба дом афтонед? Ба Ман як тангаи динорро биёред, ки бинам».
16
Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар ин танга акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Шоҳаншоҳро».
17
Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Он чи аз они шоҳаншоҳ аст, ба шоҳаншоҳ бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд.
18
Сипас, баъзеҳо аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро рад мекарданд, ба назди Исо омада пурсиданд:
19
«Устод, Мусо дар шариат ба мо навиштааст, ки „агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад“.
20
Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт, аммо фарзанд надида, аз олам чашм пӯшид.
21
Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣ гирифта, ӯ ҳам фарзанде ба дунё наоварда вафот кард. Бо бародари сеюм ҳам ҳамин тавр рӯй дод.
22
Бо ҳамин сурат ҳамаи ҳафт бародарон бефарзанд вафот карданд. Баъд аз ҳама он зан ҳам аз олам чашм пӯшид.
23
Пас рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
24
Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на маънои навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро.
25
Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранду на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд.
26
Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мусо дар ҳикояи бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мусо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“.
27
Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед».
28
Яке аз устодони шариат ба назди онҳо омада баҳсу мунозираашонро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳо чӣ ҷавоби хубе дод, пурсид: «Аз тамоми фармоишҳои Худо кадомаш аз ҳама муҳимтар аст?»
29
Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим ин аст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худои мо Худованди яккаву ягона аст.
30
Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми ақлу ҳуш ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор“.
31
Дуюмаш чунин мебошад: „Дигаронро мисли худ дӯст дор“. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтар нест».
32
Устоди шариат гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Туст. Ту бисёр хуб гуфтӣ, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест.
33
Инчунин Худоро бо тамоми дил ва бо тамоми ақлу ҳуш ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва дигаронро ҳам мисли худ дӯст доштан муҳимтар аз ҳадяҳои сӯхтанӣ ва ҳама намуди қурбонӣ мебошад».
34
Исо дид, ки устоди шариат оқилона сухан меронад, бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба Подшоҳии Худо наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Исо саволе диҳад.
35
Вақте Исо дар маъбади Худо ба мардум таълим медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ устодони шариат мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо писари шоҳ Довуд аст?
36
Дар ҳоле ки худи Довуд бо таъсири Рӯҳулқудс чунин гуфта буд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“.
37
Худи Довуд Масеҳро „Худованд“ номид, пас чӣ тавр Вай писари шоҳ Довуд шуда метавонад?» Мардуми зиёде суханони Ӯро бо хушнудӣ гӯш мекарданд.
38
Сипас, Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз устодони шариат эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд.
39
Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо бишинанд ва дар базмҳо болонишин бошанд.
40
Онҳо намоишкорона дурудароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо барои ин корҳояшон ҷазои сахттар мебинанд».
41
Баъд Исо рӯ ба рӯйи сандуқи хайрия нишаста, ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард. Баъзеҳо, ки сарватманд буданд, пули зиёде хайр мекарданд.
42
Ҳамин вақт як бевазани камбағал низ омада, ду тангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, ба сандуқ андохт.
43
Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард.
44
Чунки онҳо аз зиёдатии сарваташон садақа карданд, вай бошад, ҳамаи он чизеро, ки дошт, яъне тамоми ризқу рӯзиашро дод».
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16