bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Mark 7
Mark 7
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
1
Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада
2
диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти нопок, яъне ношуста хӯрок мехӯранд.
3
Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодонашон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд.
4
Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд, намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла, дегу табақҳои биринҷӣ ва катҳо.
5
Фарисиён ва устодони шариат аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои ҳаром хӯрок мехӯранд?»
6
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо, дурӯяҳо дуруст пешгӯйӣ кардааст: „Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст.
7
Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд, чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“
8
Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед.
9
Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ, моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.
10
Масалан, Худо ба воситаи Мусо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“.
11
Шумо бошед, чунин таълим медиҳед: „Агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад,
12
иҷозат дорад, ки дигар ба падару модараш ягон кӯмаке накунад“.
13
Ҳамин тавр шумо фармудаҳои Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли инро мекунед».
14
Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки
15
ҳар чи аз берун ба даруни одам медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».
17
Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд.
18
Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чи ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад?
19
Чунки хӯрок ба дили шумо намедарояд, балки аз шиками шумо гузашта, берун мебарояд». Бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст.
20
Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад.
21
Чунки маҳз аз дарун, аз дили инсон хаёлоти бад, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, қатл, зино, бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду туҳмат, мағрурӣ ва бефаросатӣ пайдо мешавад.
23
Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».
24
Аз он ҷо Исо ба наздикиҳои шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад, вале натавонист пинҳон бимонад.
25
Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод.
26
Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо ҷинро аз духтараш берун кунад.
27
Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба назди сагон партофтан нодуруст аст».
28
Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, Хоҷаам, вале сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро мехӯранд».
29
Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, чунки ҷин аз духтарат берун шудааст».
30
Зан ба хонааш омада дид, ки духтараш ором хобидааст ва ҷин аз вай берун шудааст.
31
Сипас, Исо аз шаҳри Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи баҳри Ҷалил ба ноҳияи Даҳшаҳр равона шуд.
32
Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.
33
Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд.
34
Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад.
35
Он мард ҳамон лаҳза шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданду забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зад.
36
Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд. Вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, ҳамон қадар зиёдтар онҳо овозаҳо паҳн мекарданд.
37
Мардум ба ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд».
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16