bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Mark 16
Mark 16
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
1
Бегоҳи рӯзи шанбе, вақте ки рӯзи истироҳат ба анҷом расид, Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқуб ва Салӯмит рафта, атрҳои хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд.
2
Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр равона шуданд.
3
Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ сангро аз даромади қабр барои мо меғелонад?»
4
Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.
5
Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.
6
Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед!
7
Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд».
8
Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд.
9
Исо субҳи рӯзи якшанбе зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт ҷинро берун карда буд, Худро аён кард.
10
Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт.
11
Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст.
12
Баъд Исо Худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард.
13
Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард.
14
Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш дар вақти хӯрок хӯрданашон зоҳир шуд ва Ӯ онҳоро ба сабаби беимониву кундфаҳмӣ сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд.
15
Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон кунед!
16
Ҳар кӣ имон оварад ва таъмид гирад, наҷот меёбад, вале ҳар кӣ имон наорад, ҳукм карда мешавад.
17
Касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳоро хоҳанд дошт: онҳо бо номи Ман ҷинҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд,
18
онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд, даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд».
19
Вақте ки суҳбати Худованд Исо бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз дасти рости Худо нишаст.
20
Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо муъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16