bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Mark 14
Mark 14
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
1
То иди Наҷот ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Коҳинони калон ва устодони шариат роҳеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки Исоро пинҳонӣ дастгир карда, ба қатл расонанд.
2
Онҳо мегуфтанд: «Ин корро дар рӯзҳои ид накунем, ки мабодо мардум ба шӯр оянд».
3
Исо дар Байт-Анё, дар хонаи Шимъун ном марде, ки пештар бемории пӯст дошт, меҳмон шуд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як шишача равғани атрафшони қиматбаҳоро оварда, шикасту ба сари Исо рехт.
4
Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигар гуфтанд: «Чаро ӯ ин равғани қиматро исроф кард?
5
Ин равғанро ба маблағи зиёда аз сесад динор фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд». Ва занро сахт сарзаниш мекарданд.
6
Вале Исо гуфт: «Вайро ором гузоред. Чаро ӯро танқид мекунед? Вай бароям кори нек кард.
7
Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақте ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ диҳед, вале Ман ҳамеша бо шумо нестам.
8
Ин зан ҳар чи тавонист, кард. Ӯ равғанро ба баданам рехт, то онро барои гӯронидан тайёр намояд.
9
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки хушхабар эълон гардад, кори ин зан низ барои ёдоварии вай гуфта мешавад».
10
Он гоҳ Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо буд, ба назди коҳинони калон рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад.
11
Онҳо аз шунидани ин шод гашта, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати муносиб меҷуст.
12
Рӯзи аввали иди Фатир, ки мардум барраи иди Наҷотро қурбонӣ мекарданд, шогирдон аз Исо пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки мо рафта бароят дастархони иди Наҷотро тайёр намоем?»
13
Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Ба шаҳр равед. Дар он ҷо шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ биравед.
14
Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи Ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонад?“
15
Вай ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ғундошта, ба тартиб оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямон дастархон тайёр кунед».
16
Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва онҳо хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд.
17
Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад.
18
Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, ба Ман хиёнат мекунад».
19
Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар аз Ӯ мепурсиданд: «Оё ин шахс ман ҳастам?»
20
Исо ҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумо мекунад, ки луқмаи нонашро ҳамроҳи Ман дар як табақ тар карда истодааст.
21
Писари Одамизод аз рӯйи он чизе ки дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, мемирад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Писари Одамизод хиёнат мекунад. Беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё намеомад!»
22
Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда ба онҳо тақсим намуда гуфт: «Нонро бигиред, ки ин бадани Ман аст».
23
Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд.
24
Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман ба хотири одамони зиёде рехта мешавад.
25
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, Ман боз ҳамроҳи шумо дар Подшоҳии Худо шираи ангури нав хоҳам нӯшид. Лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
26
Баъд онҳо Худоро ҳамду сано гуфтанд ва ба кӯҳи Зайтун равона шуданд.
27
Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо Маро тарк мекунед, чунки дар навиштаҷот омадааст: „Чӯпонро мезанам ва гӯсфандон пароканда мешаванд“.
28
Аммо вақте ки зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам».
29
Петрус гуфт: «Дигарон Туро тарк кунанд ҳам, ман ин корро намекунам».
30
Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
31
Аммо Петрус бо қатъият гуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, ҳаргиз Туро инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд.
32
Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Ман рафта дуо мекунам».
33
Ӯ ҳамроҳаш Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму андӯҳаш сахт шиддат меёфт ва
34
Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед».
35
Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва Худро ба рӯйи замин партофта дуо кард, ки агар шавад, он вақти азоб ба сараш наояд.
36
Сипас, гуфт: «Эй Або, эй Падарҷонам! Бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».
37
Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯ аз Петрус пурсид: «Шимъун, ту хобидаӣ? Магар як соат бедор истода натавонистӣ?
38
Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст».
39
Пас боз рафта бо ҳамон суханони пештарааш дуо кард.
40
Баъд баргашта онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд ва намедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд.
41
Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта истироҳат мекунед? Бас, акнун вақту соати он ҳам расид, ки Писари Одамизод ба дасти гунаҳкорон таслим карда шавад.
42
Бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, он касе ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад».
43
Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш ҳамроҳи як тӯда одамоне, ки калтаку шамшер дар даст доштанд, аз ҷониби коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм расида омад.
44
Хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред».
45
Яҳудо рост пеши Исо омад ва «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид.
46
Пас онҳо Исоро дастгир карда маҳкам доштанд.
47
Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерашро аз ғилоф кашида, ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт.
48
Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо Маро роҳзан фикр мекунед, ки барои дастгир карданам бо калтаку шамшерҳо омадаед?
49
Ман ҳар рӯз бо шумо дар маъбади Худо будам ва таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале бигзор гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд».
50
Ҳамон вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд.
51
Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷ чиз надошт ва фақат бо матои катонӣ худро печонда буд. Сарбозон ӯро дастгир карданд,
52
аммо ӯ халос хӯрда тани бараҳна гурехт, чунки матои катонӣ дар дасти онҳо монд.
53
Исоро ба хонаи саркоҳин бурданд. Ҳамаи коҳинони калон, пирони қавм ва устодони шариат дар он ҷо ҷамъ шуданд.
54
Петрус аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад ва ба ҳавлии саркоҳин даромада, бо посбонон нишаст, то ки дар назди оташ гарм шавад.
55
Коҳинони калон ва ҳамаи аъзоёни дигари шӯрои пирон бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далеле пайдо кунанд, лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд.
56
Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад.
57
Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин туҳматҳо карданд:
58
«Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин маъбади Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигареро месозам, ки бо дасти инсон сохта нашудааст“».
59
Вале ин шаҳодатҳои онҳо низ ба якдигар мувофиқ набуд.
60
Он вақт саркоҳин дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?»
61
Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Саркоҳин боз пурсид: «Магар Ту Масеҳ ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?»
62
Исо гуфт: «Ҳастам ва рӯзе Писари Одамизодро хоҳед дид, ки аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста бо абрҳои осмон меояд ».
63
Он гоҳ саркоҳин либоси танашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест!
64
Шумо худатон сухани куфри Ӯро шунидед. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд.
65
Баъд баъзеҳо ба Исо туф мекарданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мегуфтанд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд.
66
Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди оташ нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони саркоҳин ӯро дид ва ба ӯ бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ту низ ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!»
68
Петрус инро инкор карда гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯйӣ». Ӯ ба назди дарвоза рафт ва ҳамон замон хурӯс ҷеғ зад.
69
Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!»
70
Петрус инро боз инкор кард. Каме дертар одамони дар он ҷо истода ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!»
71
Петрус бошад, қасам хӯрда гуфт: «Худо занад, ки ин Одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам».
72
Ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва сухани Исо ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16