bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Mark 15
Mark 15
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
1
Саҳарии барвақт коҳинони калон, пирони қавм бо устодони шариат ва тамоми аъзоёни шӯрои пирон дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо дасти Исоро баста, аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти ҳоким Пилотус супориданд.
2
Пилотус аз Исо пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту ҳамин тавр мегӯйӣ».
3
Коҳинони калон Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд.
4
Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд».
5
Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд.
6
Аз рӯйи одат ҳоким Пилотус ҳар иди Наҷот як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд.
7
Дар он вақт Бараббо ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар зиндон менишаст.
8
Мардум пеши Пилотус рафтанду аз ӯ хоҳиш карданд, ки мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад.
9
Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи Яҳудиёнро озод кунам?»
10
Зеро мефаҳмид, ки коҳинони калон Исоро аз рӯйи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
11
Вале коҳинони калон мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Барабборо талаб кунанд.
12
Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?»
13
Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!»
14
Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
15
Пилотус, ки мехост мардумро розӣ нигоҳ дорад, барояшон Барабборо озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
16
Сарбозон Исоро ба саҳни дарбори ҳоким бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд.
17
Баъд ба Исо ҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанд.
18
Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!»
19
Онҳо бо чӯб ба сараш мезаданд, ба Ӯ туф мекарданд ва дар наздаш ба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд.
20
Вақте ки онҳо масхара кардани Ӯро бас карданд, ҷомаи бунафшрангро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро аз он ҷо берун бурданд.
21
Дар роҳ онҳо бо як роҳгузаре аз шаҳри Қайравон вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъун ном дошт ва падари Искандару Руфус буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад.
22
Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷойи косахонаи сар» ном дошт.
23
Сарбозон ба Ӯ майи бо доруи мурр омехтаро доданд, вале Ӯ онро нанӯшид.
24
Он гоҳ Исоро ба салиб мехкӯб карданду барои тақсим кардани либоси Ӯ қуръа партофтанд, то ҳар кас ҳар қисми либоси Ӯро бигирад.
25
Соати нуҳи саҳар буд, ки Ӯро ба салиб мехкӯб карданд.
26
Дар лавҳаи айбнома бар зидди Исо навиштанд: «Шоҳи Яҳудиён».
27
Ҳамроҳи Исо боз ду роҳзанро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.
29
Роҳгузарон Исоро дашном дода, сар ҷунбонда мегуфтанд: «Ту ки маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месохтӣ,
30
Худатро наҷот дода, аз салиб фуруд ой!»
31
Коҳинони калон ва устодони шариат низ Исоро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду Худашро наҷот дода наметавонад.
32
Бигзор Масеҳи Худо, ки Шоҳи Исроил аст, акнун аз салиб пойин фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.
33
Нисфирӯзӣ тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва то соати се давом ёфт.
34
Дар соати се Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элоҳӣ! Элоҳӣ! Лама сабақтанӣ?!», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!»
35
Баъзе аз ҳозирон инро шунида гуфтанд, ки Ӯ Илёс пайғамбарро садо мекунад.
36
Сипас, як нафар давида латтаеро ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда, онро ба Исо нӯшонданӣ шуд ва гуфт: «Истед, бинем, ки оё Илёс омада Ӯро аз салиб гирифта пойин мефарорад?»
37
Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод.
38
Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, аз боло то пойинаш дарида, ду пора шуд.
39
Вақте як сардори лашкар, ки дар рӯ ба рӯйи салиб истода буд, дид ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин Мард Писари Худо буд!»
40
Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Яъқуби хурдсол ва Юсӣ буд, низ ҳузур доштанд.
41
Онҳо дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда, ба Ӯ хизмат мекарданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Уршалим омаданд, дар он ҷо буданд.
42
Шом шуд ва мардум барои рӯзи шанбе тайёрӣ медиданд.
43
Юсуф ном шахс аз шаҳри Ромо, ки аъзои обрӯманди шӯрои пирон буд ва фаро расидани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат пеши Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард.
44
Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст.
45
Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид.
46
Юсуф матои суф харид ва ҷасадро аз салиб пойин фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард.
47
Марями Маҷдалия ва Марями модари Юсӣ диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16