bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Mark 13
Mark 13
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
1
Вақте Исо аз маъбади Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бубин, ин биноҳои маъбади Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!»
2
Исо ҷавоб дод: «Шумо ин биноҳои бузургро мебинед? Санг бар болои санг намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
3
Ҳангоме ки Исо дар кӯҳи Зайтун рӯ ба рӯйи маъбади Худо менишаст, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд:
4
«Ба мо бигӯ, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва иҷро шудани ҳамаи инро аз кадом аломат мефаҳмем?»
5
Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ кунад.
6
Зеро бисёр касон ба номи Ман омада мегӯянд, „Ман ҳамонам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд.
7
Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад.
8
Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо заминҷунбиҳо мешавад ва гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд.
9
Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ҷамоатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба хотири Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод.
10
Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқҳо эълон карда шавад.
11
Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ғам нахӯред, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чи ки он вақт ба дилатон андохта мешавад, ҳамонро бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба воситаи шумо сухан меронад.
12
Бародар бародари худро ва падар фарзанди худро ба қатл мерасонад. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд.
13
Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
14
Аммо вақте ки харобазори нафратангезро дар ҷое мебинед, ки набояд бошад (ба ин диққат диҳед), он вақт агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад.
15
Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе пойин нафарояд ва ба хона надарояд.
16
Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад.
17
Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт!
18
Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса дар вақти зимистон рӯй надиҳад.
19
Зеро дар он айём чунон азобу даҳшате рӯй медиҳад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод.
20
Аммо Худованд он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯйи замин касе зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
21
Ҳамон вақт агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, Масеҳ дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, бовар накунед.
22
Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, интихобшудагони Худоро ҳам гумроҳ кунанд.
23
Инак, бохабар бошед. Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
24
Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо, офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад,
25
ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
26
Он вақт мардум Писари Одамизодро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд.
27
Ӯ фариштаҳоро мефиристад, то интихобшудагони Худро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд.
28
Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғҷа карда, барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.
29
Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик аст, дар паси дар аст.
30
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меояд.
31
Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
32
Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
33
Пас ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
34
Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, хонаи худро ба хизматгорон месупорад ва ба ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад. Ба дарвозабон бошад, мефармояд, ки посбонӣ кунад.
35
Пас ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон.
36
Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб ёбад.
37
Он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16