bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Mark 8
Mark 8
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
1
Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯда одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва ҳеҷ хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт:
2
«Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва дигар хӯрдание надоранд.
3
Агар онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, дар роҳ беҳол мешаванд. Баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4
Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?»
5
Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6
Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯйи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, Худоро шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд.
7
Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳоро низ дар байни мардум тақсим кунанд.
8
Мардум то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон ҳафт сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд.
9
Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд. Баъд Исо онҳоро ҷавоб доду
10
якбора бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто равона шуд.
11
Сипас, чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки барояшон аз ҷониби Худо аломате диҳад.
12
Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл аломат талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон аломат дода намешавад».
13
Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари баҳр рафт.
14
Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд.
15
Исо онҳоро таъкид карда гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиён ва шоҳ Ҳиродус эҳтиёт кунед».
16
Шогирдон ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ инро аз он сабаб гуфт, ки нон надорем».
17
Вале Исо инро фаҳмида гуфт: «Чаро шумо нон надоштанатонро фикр мекунед? Магар то ҳол дарк намекунед ва намефаҳмед? Ё кундфаҳму гарданшах шудаед?
18
Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед?
19
Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад».
20
Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад».
21
Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?»
22
Вақте ки онҳо ба шаҳри Байт-Сайдо расиданд, чанд нафар марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад.
23
Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?»
24
Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд».
25
Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бодиққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид.
26
Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.
27
Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳри Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз онҳо пурсид: «Одамон Маро кӣ мегӯянд?»
28
Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Илёс пайғамбарӣ, дигарон мегӯянд, ки Ту яке аз пайғамбарони гузаштаи дигар ҳастӣ».
29
Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, Таъйиншудаи Худо ҳастӣ».
30
Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
31
Баъд Исо ба таълим додани шогирдонаш сар карда, гуфт, ки Писари Одамизод бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯро мекушанд, вале Ӯ баъд аз се рӯз зинда мегардад.
32
Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт ва Петрус Ӯро як сӯ бурда, сарзаниш кард.
33
Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, эй шайтон! Ту на мисли Худо, балки мисли инсон фикр мекунӣ».
34
Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад.
35
Касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
36
Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад?
37
Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад.
38
Касе, ки дар ин замони пур аз гуноҳу бевафоӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Писари Одамизод низ, ҳангоме ки бо шуҳрату ҷалоли Падараш ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард».
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16