bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 10
Deuteronomy 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 11 →
1
Дар он вақт Худованд ба ман гуфт: „Ду лавҳи санг мисли аввала барои худ битарош, ва назди Ман ба кӯҳ баро, ва сандуқе аз чӯб барои худ бисоз;
2
Ва Ман бар ин алвоҳ суханонеро, ки бар алвоҳи аввалаи шикастаи ту буд, хоҳам навишт, ва ту онҳоро дар сандуқ бимон“.
3
Ва ман сандуқе аз чӯби ақоқиё сохтам, ва ду лавҳи санг мисли аввала тарошидам, ва ба кӯҳ баромадам, ва он ду лавҳ дар дастам буд.
4
Ва Ӯ бар алвоҳ мисли китобати аввала даҳ аҳкомеро, ки Худованд ба шумо дар кӯҳ, аз миёни оташ, дар рӯзи ҷамъомад гуфта буд, навишт, ва Худованд онҳоро ба ман дод,
5
Ва ман тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омадам, ва алвоҳро дар сандуқе ки сохта будам, гузоштам; ва онҳо дар он ҷо мебошад, чунон ки Худованд ба ман амр фармуда буд.
6
Ва банӣ‐Исроил аз Беэрӯт‐Банӣ‐Яъқон ба Мӯсера кӯч карданд; дар он ҷо Ҳорун мурд ва дар он ҷо дафн карда шуд, ва писараш Элъозор ба ҷои ӯ саркоҳин гардид.
7
Аз он ҷо ба Ҷудҷӯд кӯч карданд, ва аз Ҷудҷӯд — ба Ётвот, ки заминест пур аз чашмаҳои об.
8
Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.
9
Бинобар ин Левӣ дар миёни бародарони худ ҳисса ва меросе надорад: Худованд Худаш мероси вай аст, чунон ки Худованд Худои ту ба вай гуфтааст.
10
Ва ман дар кӯҳ, мисли айёми аввала, чил рӯз ва чил шаб истодам, ва Худованд ин дафъа низ маро иҷобат намуд, ва Худованд нахост туро ба ҳалокат расонад.
11
Ва Худованд ба ман гуфт: „Бархоста, пешопеши қавм равона шав; бигзор онҳо рафта, заминеро, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам, тасарруф намоянд“.
12
Ва алҳол, эй Исроил, Худованд Худоят аз ту чӣ талаб дорад? Талабаш фақат ин аст, ки аз Худованд Худои худ битарсӣ, бо ҳамаи роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва Ӯро дӯст бидорӣ, ва Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ибодат намоӣ,
13
Ва аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту, барои манфиати ту амр мефармоям, риоят кунӣ.
14
Инак, осмон ва фалакулафлок аз они Худованд Худои туст, ва замин ва ҳар он чи дар он аст!
15
Аммо фақат ба падарони ту Худованд таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро дӯст дошт, ва насли онҳо, яъне шуморо баъд аз онҳо аз ҳамаи қавмҳо баргузид, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
16
Пас, шумо ғилофаки дили худро махтун созед, ва минбаъд гарданкашӣ накунед.
17
Зеро ки Худованд Худои шумо Худои худоён ва Худованди худовандон аст, Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин аст, ки рӯбинӣ намекунад, ва ришва намегирад;
18
Ба ятим ва бева додрасӣ менамояд, ва ғарибро дӯст дошта, ба вай хӯрок ва пӯшок медиҳад.
19
Пас, ғарибро дӯст бидор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед.
20
Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.
21
Ӯ ифтихори туст ва Ӯ Худои туст, ки барои ту ин корҳои бузург ва аҷоибро, ки чашмонат дидааст, ба ҷо овард.
22
Падарони ту бо ҳафтод нафар ба Миср омада буданд, ва алҳол Худованд Худоят туро мисли ситорагони осмон сершумор гардонидааст.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34