bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 3
Deuteronomy 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 4 →
1
Ва мо тоб хӯрда, ба роҳи Бошон баромадем; ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, бо тамоми қавми худ ба муқобили мо берун омад, то ки назди Эдрей ҷанг кунад.
2
Ва Худованд ба ман гуфт: „Аз вай натарс, зеро ки варо бо тамоми қавми вай ва замини вай ба дасти ту супурдам, ва ту бо вай ончунон амал хоҳӣ кард, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сукунат дошт, амал кардӣ“.
3
Ва Худованд Худои мо Ӯҷ, подшоҳи Бошонро низ бо тамоми қавми вай ба дасти мо супурд, ва мо варо торумор кардем, ба тавре ки аз ӯ ҳеҷ яке зинда намонд.
4
Ва ҳамаи шаҳрҳои варо дар он вақт забт намудем; ҳеҷ як шаҳри ҳисордоре набуд, ки аз дасти онҳо нагирифта бошем: шаст шаҳр, тамоми музофоти Арҷуб, ки ин мамлакати Ӯҷ дар Бошон буд.
5
Ҳамаи инҳо шаҳрҳои ҳисордор буда, деворҳои баланд, дарвозаҳо ва ғалақаҳо доштанд, ғайр аз шаҳрҳои беҳисор, ки бағоят бисьёр буданд.
6
Ва онҳоро несту нобуд кардем, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, амал карда будем: мардону занону кӯдакони ҳар шаҳрро несту нобуд кардем.
7
Вале ҳамаи чорпоён ва ғанимати он шаҳрҳоро барои худ тороҷ намудем.
8
Ва мо дар он вақт заминро аз дасти ду подшоҳи амӯриён, ки дар он тарафи Урдун буданд, аз наҳри Арнӯн то кӯҳи Ҳермӯн, —
9
Сидӯниён Ҳермӯнро Сирьйӯн мехонанд, ва амӯриён онро Сенир мехонанд, —
10
Ҳамаи шаҳрҳои даштрӯя ва тамоми Ҷилъод ва тамоми Бошонро то Салко ва Эдрей, ки шаҳрҳои мамлакати Ӯҷ дар Бошон буданд, гирифтем.
11
Зеро ки фақат Ӯҷ, подшоҳи Бошон, аз рафоиён боқӣ монда буд; инак, бистари марги ӯ, ки бистари оҳанин аст, дар Раббаи банӣ‐Аммӯн мебошад, ва бар ҳасби зирои одамӣ нӯҳ зироъ дарозӣ ва чор зироъ фароҳӣ дорад.
12
Ва ин заминро дар он вақт тасарруф намудем; Арӯэр, ки назди наҳри Арнӯн аст, ва нисфи кӯҳистони Ҷилъод ва шаҳрҳояшро ба реубениён ва ҷодиён додам;
13
Ва бақияи Ҷилъод ва тамоми Бошонро, ки мамлакати Ӯҷ буд, ба нисфи сибти Менашше додам, яъне тамоми музофоти Арҷубро бо тамоми он Бошон, ки замини рафоиён ном дошт.
14
Ёир ибни Менашше тамоми музофоти Арҷубро то ҳудуди ҷашуриён ва маъхотиён гирифт, ва онҳоро, яъне деҳоти Бошонро, ба номи худаш деҳоти Ёир ном ниҳод, ки то имрӯз чунин аст.
15
Ва ба Мокир Ҷилъодро додам.
16
Ва ба реубениён ва ҷодиён аз Ҷилъод то наҳри Арнӯн, яъне то миёнаи наҳр, ки сарҳад бошад, ва то наҳри Яббӯқ, ки сарҳади банӣ‐Аммӯн бошад, додам,
17
Ва саҳроро низ то Урдун, ки сарҳад бошад, аз Кинерет то баҳри саҳро, ки баҳри Намак бошад, дар домани Фисҷа ба тарафи шарқ.
18
Ва дар он вақт ба шумо амр фармуда, гуфтам: „Худованд Худои шумо ин заминро ба шумо додааст, то ки онро тасарруф намоед; пас, ҳамаи ҷасурон мусаллаҳ гардида, пешопеши бародарони худ, банӣ‐Исроил убур намоед;
19
Фақат занони шумо ва кӯдакони шумо ва чорвои шумо, — медонам, ки шумо чорвои зиёде доред, — дар шаҳрҳое ки ба шумо додаам, бимонанд,
20
То даме ки Худованд ба бародарони шумо, мисли шумо, оромӣ бибахшад, ва онҳо низ заминеро, ки Худованд Худои шумо ба онҳо дар он тарафи Урдун медиҳад, тасарруф намоянд, ва он гоҳ ҳар яке аз шумо ба мулки худ, ки ба шумо додаам, хоҳед баргашт“.
21
Ва ба Еҳушаъ дар он вақт амр фармуда, гуфтам: „Ҳар он чиро, ки Худованд Худои шумо ба ин ду подшоҳ кардааст, чашмони ту дид; пас, Худованд ба ҳамаи мамлакатҳое ки ту аз онҳо убур менамоӣ, чунин хоҳад кард.
22
Аз онҳо натарсед, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо ҷанг мекунад“.
23
Ва ман дар он вақт сӯи Худованд тазаррӯъ намуда, гуфтам:
24
„Худоё Худовандо! Ту ба нишон додани кибриёи Худ ва дасти қавии Худ ба бандаат шурӯъ намудаӣ, зеро кадом худост дар осмон ё дар замин, ки битавонад чизе мисли аъмол ва корнамоиҳои Ту ба амал оварад?
25
Лутфан, ба ман изн бидеҳ, ки убур намоям ва замини некӯро, ки дар он тарафи Урдун аст, ин кӯҳистони некӯ ва Лубнонро бубинам“.
26
Вале Худованд аз боиси шумо ба ман ғазаб намуда, маро иҷобат накард; ва Худованд ба ман гуфт: „Бас кун! Дар ин хусус дигар сухане ба Ман нагӯй.
27
Ба қуллаи Фисҷа баро ва чашмонатро ба ҷониби ғарб ва шимол ва ҷануб ва шарқ баланд кун, ва бо чашмонат бубин, зеро ки ту аз ин Урдун убур нахоҳӣ кард.
28
Ва ба Еҳушаъ амр фармуда, ӯро қавӣ ва далер гардон, зеро ки ӯ пешопеши ин қавм убур намуда, заминеро, ки ту хоҳӣ дид, барои тасарруфи онҳо тақсим хоҳад кард“.
29
Ва мо дар дара, рӯ ба рӯи Байт‐Фаӯр маскан гирифтем.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34