bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 18
Deuteronomy 18
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 19 →
1
Коҳинони левизода, тамоми сибти Левӣ ҳиссае ва мулке бо Исроил нахоҳанд дошт; онҳо бояд қурбониҳои оташини Худованд ва ҳиссаи Ӯро бихӯранд.
2
Пас, вай мулке дар миёни бародарони худ нахоҳад дошт: Худованд мулки вай аст, чунон ки Ӯ ба вай гуфтааст.
3
Ва ин аст ҳаққи коҳинон аз ҷониби қавм, аз ҷониби онҳое ки гов ё гӯсфандро забҳ мекунанд: онҳо бояд соқи пеш ва ҷоғҳо ва ишкамбаро ба коҳин бидиҳанд.
4
Навбари ғалла, шираи ангур ва равғани зайтуни худро, ва навбари пашми гӯсфандони худро ба вай бидеҳ.
5
Зеро Худованд Худои ту варо аз ҳамаи сибтҳо баргузидааст, то ки вай ва писаронаш тамоми айём истода, ба исми Худованд хизмат кунанд.
6
Ва агар левизодае аз яке аз шаҳрҳои ту, аз тамоми Исроил, ки дар он ҷо сокин бошад, биёяд, бигзор вай мувофиқи тамоми орзуи дили худ ба маконе ки Худованд баргузинад, биёяд,
7
Ва ба исми Худованд Худои худ мисли ҳамаи бародарони левизодаи худ, ки дар он ҷо ба ҳузури Худованд меистанд, хизмат кунад;
8
Бигзор онҳо ҳиссаҳои баробар бихӯранд, ғайр аз он чи вай аз фурӯхтани молу мулки худ пайдо карда бошад.
9
Ҳангоме ки ту ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, биёӣ, таълим нагир, ки бар тибқи корҳои зишти он халқҳо амал намоӣ.
10
Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки писараш ё духтарашро аз оташ мегузаронда бошад, на ҷодугаре, на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре, —
11
На найрангсозе, на пурсандаи арвоҳе, на азоимхоне ва на касе ки мурдагонро даъват менамояд,
12
Зеро ҳар касе ки ин корҳоро мекунад, дар назари Худованд зишт аст, ва маҳз аз боиси ҳамин корҳои зишт Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар меронад.
13
Ба ҳузури Худованд Худои худ беайб бош.
14
Зеро ин халқҳое ки ту онҳоро бадар меронӣ, ба чашмбандон ва ҷодугарон гӯш медиҳанд, валекин туро Худованд Худои ту намегузорад, ки чунин рафтор намоӣ.
15
Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед.
16
Бар тибқи ҳар он чи ту дар Хӯриб, дар рӯзи ҷамъомад, аз Худованд Худои худ пурсида, гуфтӣ: „Овози Худованд Худои худро дигар нашнавам, ва ин оташи азимро дигар набинам, мабодо бимирам“, —
17
Худованд ба ман гуфт: „Он чи онҳо гуфтанд, хуб аст.
18
Набие, мисли ту, Ман барои онҳо аз миёни бародарони онҳо ба майдон хоҳам овард, ва суханони Худро ба даҳони Вай хоҳам гузошт, ва ҳар он чи ба Вай амр фармоям, ба онҳо хоҳад гуфт;
19
Ва касе ки ба суханони Ман, ки Вай ба исми Ман гӯяд, гӯш наандозад, Ман ӯро танбеҳ хоҳам дод.
20
Аммо набие ки қасдан ба исми Ман сухане гӯяд, ки ба гуфтанаш амр нафармудаам, ё ба исми худоёни дигар сухан гӯяд, — он набӣ бояд ба қатл расонида шавад“.
21
Ва агар дар дили худ гӯӣ: „Суханеро, ки Худованд нагуфта бошад, чӣ гуна бишносем?“ —
22
Пас, сухане ки набӣ ба исми Худованд гӯяд, вале он ба амал наояд ва иҷро нашавад, он суханест, ки Худованд нагуфтааст, балки набӣ бо қасди бад гуфтааст, — аз ӯ натарс.
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34