bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Deuteronomy 29
Deuteronomy 29
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 30 →
1
Ин аст суханони аҳде ки Худованд ба Мусо амр фармуд, ки бо банӣ‐Исроил дар замини Мӯоб бибандад, ғайр аз он аҳде ки бо онҳо дар Ҳӯриб баста буд.
2
Ва Мусо тамоми Исроилро хонда, ба онҳо гуфт: «Ҳар он чиро, ки Худованд пеши назари шумо дар замини Миср ба фиръавн ва ҳамаи бандагонаш ва тамоми заминаш ба амал овард, шумо дидаед:
3
Он имтиҳонҳои бузургро, ки чашмони шумо дид, он аломот ва мӯъҷизоти азимро;
4
Валекин Худованд диле барои донистан ва чашмон барои дидан ва гӯшҳо барои шунидан то имрӯз ба шумо надодааст.
5
Ва ман шуморо чил сол дар биёбон бурдам; либоси шумо бар танатон ҷиғда‐ҷиғда нашуд, ва кафшатон бар поятон пора нашуд.
6
Нон нахӯрдед ва бӯза нанӯшидед, то бидонед, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
7
Ва ба ин макон расидед, ва Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ба истиқболи мо барои ҷанг берун омаданд, ва мо онҳоро торумор кардем.
8
Ва замини онҳоро гирифта, ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти менашшеиён ҳамчун мулк додем.
9
Пас, суханони ин аҳдро риоя намоед ва онҳоро ба ҷо оваред, то ки дар ҳар чи мекунед, муваффақият ба даст оваред.
10
Имрӯз ҳамаи шумо ба ҳузури Худованд Худои худ истодаед, яъне сардорони шумо, сибтҳои шумо, пирони шумо ва нозирони шумо, ҳамаи мардони Исроил,
11
Кӯдакони шумо, занони шумо, ва ғарибе ки андаруни ӯрдугоҳи шумост, аз ҳезумкафони ту гирифта то машкоби ту, —
12
То ки ба аҳди Худованд Худои худ ва ба савгандномаи Ӯ, ки Худованд Худоят имрӯз бо ту мебандад, дохил шавӣ,
13
То ки Ӯ туро имрӯз қавми Худ таъин намояд, ва Ӯ Худои ту бошад, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва чунон ки ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст.
14
Ва на танҳо бо шумо ман ин аҳд ва ин савгандномаро мебандам,
15
Балки ҳам бо онҳое ки имрӯз ҳамроҳи мо ба ҳузури Худованд Худои мо истодаанд, ва ҳам бо онҳое ки имрӯз дар ин чо ҳамроҳи мо нестанд.
16
Зеро шумо медонед, ки чӣ гуна мо дар замини Миср умр ба сар мебурдем, ва чи гуна мо аз миёни халқҳое ки шумо убур намудед, гузаштем.
17
Ва шумо қабоҳатҳо ва бутҳои онҳоро, ки иборат аз чӯб ва санг, ва нуқра ва тилло дар миёни онҳо буд, дидед.
18
Мабодо дар миёни шумо мард ё зан, ё қабила ё сибте бошад, ки дилаш имрӯз аз Худованд Худои мо гардад, то ки рафта, худоёни он халқҳоро ибодат намояд; мабодо дар миёни шумо решае бошад, ки заҳр ва явшон ба вуҷуд оварад, —
19
Ва ҳангоме ки вай суханони ин савгандномаро бишнавад, дар дили худ худро баракат дода, гӯяд: „Бо вуҷуди он ки дар сахтии дили худ рафтор менамоям, то ки сероб ва ташнаро якҷоя нобуд кунам, ман саломат хоҳам монд“, —
20
Худованд варо нахоҳад омурзид, балки он вақт ғазаби Худованд ва рашки Ӯ бар он кас аланга хоҳад зад, ва тамоми лаънате ки дар ин китоб навишта шудааст, ба сари вай хоҳад омад, ва Худованд номи варо аз зери осмон маҳв хоҳад кард;
21
Ва Худованд варо аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои ҳалокат ҷудо хоҳад кард, бар тибқи ҳамаи лаънатҳои аҳде ки дар ин китоби шариат навишта шудааст.
22
Ва насли баъдина, яъне фарзандони шумо, ки баъд аз шумо пайдо хоҳанд шуд, ва аҷнабиёне ки аз замини дурдаст хоҳанд омад, ҳангоме ки мусибатҳои ин замин ва вабоҳоеро, ки Худованд ба сари он меоварад, бубинанд, хоҳанд гуфт:
23
„Тамоми замин сӯхта, ба кибрит ва шӯра табдил ёфтааст, кишт карда намешавад, ва ҳосиле намерӯёнад, ва ҳеҷ як алафе дар он намесабзад, монанди табаддулоти Садӯм ва Амӯро, Адмо ва Сабӯим, ки онҳоро Худованд дар хашм ва ғазаби худ вожгун карда буд“.
24
Ва ҳамаи халқҳо хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин чунин амал кардааст? Шиддати ин ғазаби азим аз чӣ сабаб аст?“
25
Ва хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб аст, ки онҳо аҳди Худованд Худои падарони худро, ки дар вақти берун овардани онҳо аз замини Миср бо онҳо баста буд, тарк карданд,
26
Ва рафта, худоёни дигарро ибодат карданд ва ба онҳо саҷда бурданд, — худоёнеро, ки намешинохтанд, ва Ӯ насибаи онҳо нагардонида буд;
27
Бинобар ин хашми Худованд бар ин замин аланга зад, ва Ӯ тамоми лаънатеро, ки дар ин китоб навишта шудаст, бар он овард;
28
Ва Худованд онҳоро бо ғазаб ва хашм ва қаҳри азим аз заминашон решакан карда, ба замини дигаре партофт, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст“.
29
Чизҳои ниҳонӣ аз они Худованд Худои мост, ва чизҳои ошкор то абад аз они мо ва фарзандони мост, то ки ҳамаи суханони ин шариатро ба амал оварем.
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 30 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34